Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия

290

Имрӯз (08.11.с.2019), дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ, собиқадорон ва кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин ҷавонони фаъол, кормандони ғайриштатӣ ва дружиначиёни ихтиёрӣ ширкат варзиданд.

292293

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи милитсия табрику таҳният намуда, афзуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ, дар баробари дигар сохторҳои қудратии мамлакат, ба як ниҳоди пуриқтидор табдил ёфтааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба ин сохтор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат чандин биноҳои маъмурии милитсия сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ корҳои таъмириву сохтмонӣ вусъати тоза пайдо намуданд.

294295296

Шароити иҷтимоию иқтисодии ҳайати шахсӣ беҳтар гардида, сол то сол маоши кормандон ва имкониятҳои фаъолияти онҳо васеъ гардида, бо нақлиёти хизматӣ ва таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ аз таърихи бою ғании милитсияи тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидаанд. Аз ҷумла, баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ зиёда аз якуним ҳазор нафар кормандони милитсия ҷони азизи хешро аз даст додааст.
- Мо, кормандони милитсия, шурӯъ аз ҳайати қаторӣ то афсари баландрутба бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирию ошкорсозии ҷиноятҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо хатарҳои замони муосир муборизаи беамон барем, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Роҳбари аввали ВКД дар идома таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ислоҳоти милитсия бомаром ҷараён дошта, маҳаки асосии онро ҳамкории зичи мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд дар ин самт ташаббус нишон дода, ҳамеша эътимоду боварии шаҳрвандонро сазовор бошем.

297298

Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ як қатор собиқадорон ва кормандони милитсия, ҷавонони фаъол, кормандони ғайриштатӣ ва дружиначиёни ихтиёриро барои хизматҳои шоиста, нишон додани садоқатмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ ва бахшида ба Иди касбии милитсияи тоҷик бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ, Ифтихорномаи фахрӣ, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи милитсия, дар маҷмӯъ, зиёда аз 700 нафар бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.02.2020 10:48
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    26.02.2020 10:46
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    26.02.2020 10:43
  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    25.02.2020 10:06
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Деваштич ва Ёвон

    Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    25.02.2020 10:04
  • Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

    Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ....

    24.02.2020 16:53
  • Баррасии муроҷиати шаҳрванд боиси ба ҷазои маъмурӣ ҷалб кардани ....

    14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ собиқ хабарнигори ҳафтаномаи ....

    24.02.2020 15:51
  • Милитсияи пойтахт Рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

    Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    24.02.2020 15:08
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика