Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка бахшида ба Рӯзи милитсия

235

Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи фарорасии ҳама гуна чорабиниҳои идона ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока баргузор мегардад.

Рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ, барои ғанӣ гардонидани дастархони кормандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон ярмаркаи маводи хӯрока доир карда шуд.

236237238

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас наздик аз 30 то 40 фоиз нисбатан ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд. Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон гушт, биринҷ, пиёз, тухм, картошка, нахуд, сабзӣ, карам ва дигар сабзавотҳо, инчунин ҳама гуна шириниҳову мевагиҳоро пешкаши харидорон намуданд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иқдом пеша намудааст, ки чунин чорабиниҳоро дар оянда низ ба роҳ монад.
Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика