Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маросими кушодашавии бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

289

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб маросими кушодашавии бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

288

Мавриди қайд аст, ки бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия аз 4 ошёна бо таҳхона иборат буда, мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин дорои ошхона, китобхона, синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисӣ мебошад.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, курсантони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимии Коллеҷи милитсия, фарорасии 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд.

281

282283284285

Зикр гардид, ки бинои нави таълимии Коллеҷи мазкур муҷҷаҳаз бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар як муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дорои имкониятҳои хуби хизматрасонӣ мебошад.
Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврас ва ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад.

286287

Дар Коллеҷи милитсия шароити мусоид аз қабили хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷҷаҳаз бо маводу ашёи зарурӣ муҳайё карда шуда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор курсантон ва ҷавонони фаъол барои гузоштани саҳми назаррас дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хониши хубу аъло ва бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия бо Сипоснома, Раҳматнома ва туҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.02.2020 10:48
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    26.02.2020 10:46
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    26.02.2020 10:43
  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    25.02.2020 10:06
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Деваштич ва Ёвон

    Рӯзи 24-уми феврали соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    25.02.2020 10:04
  • Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

    Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ....

    24.02.2020 16:53
  • Баррасии муроҷиати шаҳрванд боиси ба ҷазои маъмурӣ ҷалб кардани ....

    14 феврали соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ собиқ хабарнигори ҳафтаномаи ....

    24.02.2020 15:51
  • Милитсияи пойтахт Рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

    Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    24.02.2020 15:08
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика