Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистону Россия

 viber_2019-10-08_12-46-12Имрӯз (08.10.с.2019), дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 viber_2019-10-08_13-52-19 viber_2019-10-08_14-56-43

Дар рафти ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.

Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, инчунин зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд. 
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 viber_2019-10-08_16-03-52

 viber_2019-10-08_15-56-09
 viber_2019-10-08_15-42-47

Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар бо сухани хотимавӣ баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика