Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян гардиданд

206

Имрӯз (05.10.с.2019), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони оперативӣ», ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, озмун миёни кормандони мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомотҳои дахлдор ширкат варзиданд.

207208211212

Дар оғози баргузории озмун муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз самтҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ҳамасола дар ВКД озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» миёни кормандони мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.
Мавсуф илова намуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо пеш аз ҳама, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҳамкорӣ дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дӯстию рафоқат миёни онҳо мебошад. Саидзода Маҳмадсаид Борон ҳамчунин кормандони самти фаъолияти оперативиро ба муносибати иди касбӣ муборакбод намуда, ба онҳо беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу кард.
Дар ин озмун 16 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯйи 3 давр иштирок намуданд.
Дар натиҷаи ба даст овардани холҳо миёни иштирокчиён доварони озмун ба хулосае омаданд, ки 3 нафар иштирокчӣ ғолиби озмун ҳисобида шавад.
Ҳамин тавр ваколатдори калони оперативии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД капитани милитсия Авазшо Саидов, капитани адлия М.Ҳамдамов ва лейтенанти хурди адлия Беҳрӯз Воситов, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» эълон гардиданд.
Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳои сарисинагӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

209210

Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли ин озмун барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ, инчунин ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмуни самти «Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ» бо Раҳматномаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тоҷиддин Латипов




Рӯйдодҳо

  • Таҷлили бо тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар РВКД Суғд

    Субҳи рӯзи 22 феврал ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои ....

    22.02.2020 11:44
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол

    Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ....

    22.02.2020 11:24
  • Дуздии лавозимоти рӯзгор аз дохили гармхона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи ....

    22.02.2020 11:20
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи ....

    22.02.2020 11:19
  • Садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ»

    Рӯзи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.02.2020 11:16
  • Вохӯрӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

    Рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии ....

    21.02.2020 15:56
  • Саҳмгузории кормандони ғайриштатӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ

    Ҳамкорӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия боиси пешрафти кори мақомоти корҳои ....

    21.02.2020 15:51
  • Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

    Санаи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 01:20-дақиқа, шахси номаълум ....

    21.02.2020 09:30
  • Бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 70-солаи сокини ....

    21.02.2020 09:27
  • Шароит фароҳам овардан барои муносибатҳои маҳрамона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 20 ....

    21.02.2020 09:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика