Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ: «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

186

Рӯзи 4-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи «Баҳористон»-и вилояти Суғд мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» доир гардид. Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматулло, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Абдуллоев, намояндагони ҷузъу томҳои ВКД, раисон ва аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳамкории милитсия аз шаҳру вилоятҳо ва манотиқи ҷумҳурӣ, ки беш аз сад нафарро дар бар мегирифт, фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ба иштирокчиён барои ёрии машваратӣ, амалӣ ва ташкилиашон дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инчунин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон миннатдорӣ изҳор намуда, афзуд, ки «Мо боварӣ дорем, ки тадбирҳои дар доираи Барномаи ислоҳоти милисия, махсусан дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирад, зеро мизи мудаввари мазкур барои мубодилаи афкору таҷриба, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ як муҳити хеле муносиб мебошад.
Ба андешаи номбурда, яке аз вазифаҳои асосии милитсия ин барқарор намудани ҳамкории зич бо ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рӯзи милитсия иброз намуда буданд, ки: «Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».
Имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ эътироф менамояд, ки иштироки ҷомеа тавассути таъсис додани боварӣ ва дастгирии мақомоти милитсия дар ҳалли масъалаҳои ҷиддии амниятӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ҳамчун як усули самаранок ва хеле муҳим дар ҳалли мушкилоти бехатарӣ мебошад. Зеро милитсия дар танҳоӣ ба пурра ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти амнияти ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қодир нест. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро коркард ва роҳандозӣ намоем.
Сипас, афсари миллӣ оид ба мусоидати раванди ислоҳоти милитсия дар Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Абдуллоев зимни баромади худ қайд намуд, ки ҳамкории қавии аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия меҳвари асосии барномаи ислоҳоти милитсия ба шумор меравад, аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баҳри наздик намудани шаҳрвандон ва эътимоднокии онҳо ба кормандони милитсия тамоми чораҳо амалӣ гардидааст. Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе омодааст дар мувофиқа бо созишномаҳои баимзорасида барои амалишавии раванди ислоҳоти милитсия тамоми имкониятҳоро истифода намояд.

187188

Дар идомаи чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оид ба корҳои то ба имрӯз ба сомон расонида ва дастовардҳои ВКД оид ба раванди ислоҳоти милитсия, аз ҷумла қабули Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, нақшаи амаликунонии Барномаи мазкур, вохӯриву курсҳои омӯзишии доиргардида, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти пурсамари телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва телефони «Мадад 19-19», таъсисёбиву саҳми Сомонаи расмии ВКД, маркази тестӣ, фаъолияти нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, Дружинаҳои ихтиёрӣ, марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар дастовардҳои ВКД суханронӣ намуд.
Номбурда дар идома зикр намуд, ки инкишофи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳот дар системаи милитсияи тоҷик яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар яки мо имрӯз мебояд аз ҳарвақта дида бештару беҳтар ба роҳ мондани робитаи зичи аҳолӣ бо кормандони милитсия кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар раванди ислоҳоти милитсия саҳми арзандаи худро гузорем.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия, ҳамкориҳои судманди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон, шароитҳои кории муҳайёгардидаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз барои намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятӣ бо тамоми шароити корӣ таъмин гардида, дар ҳамкории милитсия бо аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, барои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту таҷҳизоти корбарӣ ҷудо карда шуда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Инчунин, нозирони минтақавӣ пайваста бо намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо, ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронида, кӯшиш менамоянд, то аҳолиро аз раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мутақобила шинос намоянд.
Сипас, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматулло суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар баробари фаъолияти шабонарӯзии нозирони минтақавӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо, посдории волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар баргузории чорабиниҳо, инчунин саҳми намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва Дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони гурӯҳи «Авангард» назаррас мебошанд. Зеро онҳо пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллидошта иштирок намуда, дар ҳамкории зич бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор доранд.
Дар идомаи баргузории мизи мудаввар муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Абдуқодир Мирзозода оид ба мақом ва иқтидори бузурги ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард», вохӯриву чорабиниҳои доирнамудаи онҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ва ҷавонони дигар шаҳру навоҳии манотиқи ҷумҳурӣ, тақвият ёфтани ҳамкории аҳолӣ бо кормандони милитсия, саҳми онҳо дар корҳои ободониву ҷамъиятӣ суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ӯ қайд кард, ки боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи Ватанпарварию худшиносӣ аз масъалаҳои басо муҳим ба шумор рафта, аз шахсони масъул тақозо менамояд, ки ба рафтору муносибат ва одобу ахлоқи онҳо диққати махсус дода шавад.

189190

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар раванди амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия яке аз роҳҳои татбиқи Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ин ҷалби ҷавонон дар ҷараёни таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барнома, Стратегияи ислоҳоти милитсия ва Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо дастур ва супориши роҳбарияти ВКД ва нақшаи чорабиниҳои ХПҲНҶ бо ҷалби ҷавонони гурӯҳи «Авангард» пайваста чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишиву маърифатӣ доир менамоянд, ки дар густариши ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ нақши назаррас доранд.
Ҳамчунин, сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз мақоми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди аҳолӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми онҳо дар наздик гардонидани робитаи шаҳрвандон бо кормандони милитсия суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳое, ки дар амалишавии раванди ислоҳоти милитсия фаъолият доранд, барои сазовор шудан ба боварии шаҳрвандон ва эътимоди онҳоро ба даст овардан бояд пайваста миёни аҳолӣ бошем ва он муамоҳое, ки садди роҳ гардидаанд, дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ бартараф намоем.
Дар идомаи баргузории мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» роҳбарон ва намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру вилоятҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти шӯроҳо, камбудиҳои ҷойдошта, барномаҳои амалинамудаашон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умарзода бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ як қатор роҳбарону намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятиро барои саҳми арзанда гузоштанашон дар тақвият ёфтани ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ, бо Ифтихорномаи фахрии ВКД ва Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ шудаанд, табрик намуд.

191

Дар қисмати интиҳоии мизи мудаввар иштирокчиёни чорабинӣ оид ба нақшаи дурнамои Шӯроҳо ибрози назар намуда, барои пешбурди самти фаъолият таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Рӯйдодҳо

  • Таҷлили бо тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар РВКД Суғд

    Субҳи рӯзи 22 феврал ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои ....

    22.02.2020 11:44
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол

    Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ....

    22.02.2020 11:24
  • Дуздии лавозимоти рӯзгор аз дохили гармхона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи ....

    22.02.2020 11:20
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи ....

    22.02.2020 11:19
  • Садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ»

    Рӯзи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.02.2020 11:16
  • Вохӯрӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

    Рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии ....

    21.02.2020 15:56
  • Саҳмгузории кормандони ғайриштатӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ

    Ҳамкорӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия боиси пешрафти кори мақомоти корҳои ....

    21.02.2020 15:51
  • Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

    Санаи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 01:20-дақиқа, шахси номаълум ....

    21.02.2020 09:30
  • Бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 70-солаи сокини ....

    21.02.2020 09:27
  • Шароит фароҳам овардан барои муносибатҳои маҳрамона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 20 ....

    21.02.2020 09:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика