Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баррасии масоили мубориза бо ҷинояткориҳои муосир

138

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2019 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласаи навбатии гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ташрифи ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистони ҳамсояро ба сарзамини таърихии мо хайрамақдам гуфт.
- Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии мо ба густариши муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, махсусан бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, - изҳор намуд А. Аламшозода.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.

139

Дар навбати худ Тошпулатов Азиз Анварович барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҳайати Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Ӯ махсусан миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баён дошт, ки барои баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии вазоратҳои ҳарду кишвари ҳамсоя чунин шароитро муҳайё сохтааст, ки ҳайатҳои ҳарду ҷониб метавонанд масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳоро муҳокима намоянд.
Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович аз натиҷаи ҷаласаи навбатии гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Протокол ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи боздиди худ аз Тоҷикистон, ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон бо сарварии муовини якуми Вазир полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович қарор аст имрӯз - 17-уми сентябр, ҳамчунин аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Кохи Наврӯз» ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дидан намуда, бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздик шинос шаванд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика