Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бинои иловагии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд

212

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нимаи дуюми рӯзи 23 август бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои иловагии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи наздик 3 милион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои нав аз 10 утоқҳои кории барҳаво барои муфаттишони шуъбаи мазкур, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толор барои машқи тирпарронӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Вазири корхои дохилӣ ва Раиси вилотяи Суғд зимни суҳбат бо ҳайати шахсии шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ёдовари намуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёби намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ софдилона меҳнат намуда, дар самти ҳифзи манфиати давлату миллат, волоияти қонун ва пешгирии ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуб бояд ҳиссаи арзанда гузоранд.
Зимни шиносои бо шароити машқу тамрин дар толори варзишӣ ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки дар ин толор барои машғул шудан ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Минбаъд кормандони мақомоти милитсия барои чусту чолокӣ ва ҳифзи саломатиашон пайваста дар инҷо ба варзиш машғул хоҳанд шуд. Зеро саломатӣ омили асосии камолоти ҷисмоню нерумандӣ ва ноил гардидан ба музаффариятҳо мебошад.
Қобили қайд аст, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 6 иншооти нав барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо беҳтар шудани шароити кору фаъолият ҳомиёни назму тартибот барои бозҳам назаррас намудани натиҷаи фаъолият кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

213215216217219220218

Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилотяи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз утоқҳои корӣ ва маҷлисгоҳи барҳаво, толор барои машғулиятҳои тирпарронӣ боздид намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои муносиб доданд. Маврид ба зикр аст, ки иншооти мазкур ба системаи ягонаи гармидиҳи пайваст буда, ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз бунёд шудааст.
Гурӯҳи меҳмонон аз толори осорхона ва китобхонаи ҳайати шахсии Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, изҳори умеду бовари карданд, ки кормандон бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда донишу малакаи худро боз ҳам сайқал медиҳанд ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузоранд.
Ба истифода додани бинои нав барои кормандони Шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи беназир дониста шуд.
Дар ҷараёни ифтитоҳи иншооти мазкур қайд гардид, ки бо назардошти солҳои тулонӣ дар истифода будани бинои асосии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои баъдӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчунин бинои асосӣ бо тарҳи нав сохта ба истифода дода мешавад.

Акбар Шарифӣ
капитани милитсия




Рӯйдодҳо

  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика