Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баррасии масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҷаласаи Вазирони корҳои дохилӣ

173

Дар идомаи ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ зимни ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва фаъол намудани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар мубориза бар зидди дуздии амволи ғайр ибрози андеша намуд.

Дар ҷаласаи мазкур Ҳокими шаҳри Алмато Сагинтаев Б.А. иштирок намуда, зимни баромад меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам гуфт. Мавсуф ба ҳамкориҳои самараноки давлатҳои минтақа баҳои баланд дода, зикр кард, ки ба ҳамаи Шумо барои робитаи зич ва ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ менамоям. Танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон барем.
Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулат Бобожонов ва намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоот дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) баромад намуда, ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

174175176

Дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷояи ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин маросими баимзорасонии дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳо баргузор гардид.
Дар хотима, иштирокчиён аз густариш ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори боварӣ намуданд.
Бо ҳамин, ҷаласа бо иштироки роҳбарони Вазоратҳои корҳои дохилии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба




Рӯйдодҳо

  • Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби ....

    Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт ....

    06.07.2020 16:43
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи ....

    06.07.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 52-солаи сокини ....

    06.07.2020 10:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва ....

    Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.07.2020 10:12
  • Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу ....

    04.07.2020 12:41
  • Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

    Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори ....

    04.07.2020 12:36
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    04.07.2020 10:03
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Дарвоз

    Рӯзи 2-юми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи ....

    04.07.2020 10:01
  • Сӯхтор дар манзили истиқоматӣ

    Шаби 2-юми июли соли 2020 соати 23:18 дақиқа дар манзили ....

    03.07.2020 10:38
  • Хатлон: Чорабиниҳои оиди пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COYID -19 идома ....

    Бо мақсади пешгирии паҳншавии каронавирус COYID -19 ва эмин нигоҳ ....

    03.07.2020 10:35
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика