Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Оғози ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Алмато

333

Рӯзҳои 8-10-уми августи соли 2019 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дирӯз ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Рӯзи 9-уми август ҷаласа таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович оғоз гардида, дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулат Бобожонов ва намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоот дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) иштирок намуда истодаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони сарраёсат, раёсатҳо ва департаментҳои дахлдори Вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ зимни ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва фаъол намудани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар мубориза бар зидди дуздии амволи ғайр дар назар дошта шудааст.

334335336

Мавриди қайд аст, ки ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба хотири пешрафти мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, азнавсозӣ ва фаъолнокии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ, ки дар рафти вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо доданд, ҳар сол дар қаламрави яке аз давлатҳо доир карда мешавад.
Айни замон ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    Рӯзи 4-уми августи соли 2021, соати 11:00, дар Вазорати корҳои ....

    03.08.2021 13:03
  • Саломатӣ гавҳари ноёб аст

    Тибқи дастури роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар ....

    03.08.2021 12:41
  • Эмгузаронии дастачамъона дар РВКД Суғд

       Ҳафтаи сипаригардида дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд эмкунии ....

    03.08.2021 12:36
  • Корҳои тамизгардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

    Бо дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии ....

    03.08.2021 12:33
  • Ду ҷинояти куштор дар заминаи истифодаи машрубот

    Боиси таассуф аст, ки аз меъёр зиёд истифода намудани нӯшокихои ....

    03.08.2021 12:29
  • Саломатӣ боигарии асосии инсон аст

    Саломатӣ боигарии асосии инсон буда, некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ ....

    03.08.2021 12:25
  • Ба ҳалокат расидани марди 42-сола зери мушту лағати ҳамқадаҳ

    Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, мардони 42 ....

    03.08.2021 11:37
  • Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    03.08.2021 11:35
  • Боздошт гардидани зани 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза марди 36-солаи сокини ....

    03.08.2021 11:33
  • Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди ду воситаи нақлиёт

    Рӯзи 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    03.08.2021 11:32
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    Рӯзи 4-уми августи соли 2021, соати 11:00, дар Вазорати корҳои ....

    03.08.2021 13:03
  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи ....

    12.06.2021 09:21
  • Эълон!

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    08.06.2021 17:18
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика