Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нишасти матбуотӣ дар ВКД тариқи селекторӣ баргузор гардид

155

Рӯзи 23-уми июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони васеи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

156Мавриди зикр аст, ки Нишасти матбуотӣ тариқи селекторӣ (видеоӣ) баргузор гардида, Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, МКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт ва қисми минтақавии Кӯлоб бо толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ пайваст гардида, рӯзноманигорони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ тариқи видеоӣ саволҳои худро ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод намуданд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва кирдорҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос гардид, ки дар ин ҷода ранҷу заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаш моҳи соли соли 2019 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.

157158

Зикр гардид, ки дар муддати сипаришудаи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 549 (2018 - 12482) ҷиноят аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб гирифта шудааст. Ошкоршавии он 83,5 (2018 - 82,3) фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 6 ҳазору 205 ё ин ки 67 фоизи ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи кушодашавӣ 94,6 (2018 - 95,4) фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи сипаришуда 48 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 62, таҷовуз ба номус - 20, роҳзанӣ - 14, савдои одамон - 10, ѓоратгарӣ - 74, авбошӣ - 541, қаллобӣ - 1890, гардиши ѓайриқонунии силоҳ - 19, ҷиноят бо истифодаи силоҳ - 17, дуздӣ - 2945, гардиши ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор - 302 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар давоми 6 моҳи соли 2019 аз тарафи мақомот 226 ҷинояти хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти экстремистидошта ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуда, 1 амали террористӣ содир шуда, 2 суиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст. 97 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, бо доир кардани чорабиниҳои оперативию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.
Дар натиҷаи чораандешӣ 19 далели ҷиноят мансуб ба ба қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ошкор карда шуда, 21 нафар гумонбарони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

159160

Дар шаш моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1 тоннаву 311 кг воситаҳои нашъадор (2018 - 2 тоннаву 735 кг) дарёфт ва мусодира гардидааст, ки аз ин 60 килограммашро маводи сахттаъсири героин, 1445 (2018-11804) ададашро ҳабҳои экстазӣ ташкил медиҳад. Шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ 5666 (2018-6888) нафарро ташкил дода, синни онҳо аз 18 то 60 сола буда, аз инҳо 128 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар самти мусодираи силоҳ бошад, дар ин давра аз аҳолӣ 503 адад силоҳҳои гуногун, аз ҷумла, 43 адад автомати калашников мусодира карда шудааст.
Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 6215 (2018-4343) нафар ҷинояткороне, ки дар кофтукови расмӣ қарор доштанд, дар 6 моҳи соли равон 1250 (2018-1136) нафари онҳо дастгир карда шуда, 4965 нафари дигар дар кофтукови расмӣ қарор доранд.
Дар муддати сипаришудаи соли 2019 аз тарафи ноболиѓон 386 (2018-555) ҷиноят ва аз ҷониби ҷавонон 2851 (2018-2968) ҷиноят содир шудааст.
522 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 181 нафар фавтида, 567 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 539 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - 59 фоиз коҳиш ёфтааст. Бар асари сӯхтор 11 нафар ҳалок гардида, 47 нафар шаҳрвандон аз коми оташ наҷот дода шудаанд. Зарари ҳодисаҳои сӯхтор 4 миллиёну 821 250 (2018-4823295) сомониро ташкил медиҳад.

161162

Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, шиканҷа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, раванди ислоҳоти милитсия, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, оид ба тамдид намудани мӯҳлати гирифтани шиносномаҳои намунаи нави соли 2014, қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои кишвар, ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар”, ҷинояткории муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорони матбуоти даврӣ дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёда аз якуним соат баргузор гардида, рӯзноманигорон аз баргузории чунин Нишаст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.





Рӯйдодҳо

  • Ошкор гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    23.01.2021 10:18
  • Ифшои қаллобӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    23.01.2021 10:17
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашина

    Рӯзи 21-уми январи соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи ....

    23.01.2021 10:16
  • Таваҷҷуҳи бештари кормандони милитсия ба китоб

    Таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ВКД ба китобу китобхонӣ рӯз то рӯз ....

    22.01.2021 15:17
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза мардони 49, 53 ....

    22.01.2021 11:16
  • Боздошти ноболиғи 17-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ....

    22.01.2021 11:15
  • Баргузории машқҳои таълимӣ-дастурӣ дар РВКД вилояти Суғд (Навор)

    Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ....

    21.01.2021 16:47
  • Кормандзанони ВКД ба касби худ содиқанд

    Имрӯзҳо занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона ....

    21.01.2021 15:06
  • Ошкор гардидани ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо

    Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ....

    21.01.2021 12:12
  • Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ....

    21.01.2021 12:05
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони варзишӣ!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....

    09.01.2021 12:48
  • Баргузории озмуни "Тоҷикистон - хонаи ободи ман"

    Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    09.01.2021 12:27
  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика