Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави оташнишонӣ дар шаҳраки Навобод

145

Дар доираи сафари кории Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт, ки ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва сӯҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон доир гардид.
Дар қатори дигар иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷумла, бинои Хадамоти оташнишонӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин маросим Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати шахсии ниҳоди мазкур иштирок доштанд.
Бинои номбурда иборат аз 3 ҳуҷраи корӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бунёд гардида, дар як муддати кӯтоҳ барои фаъолияти кормандони оташнишонӣ пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии хизматбарӣ таъмин гардидааст.
Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ қайд намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар гардонидани шароитҳои хизматбарии кормандони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

146147148

Дар партави сиёсати созандагию бунёдкориҳои Президенти кишвар ниҳодҳои ВКД сол то сол ба пешравию шароитҳои хуби корӣ ноил мегарданд ва ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавобан ба таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат дар иҷрои вазифаҳои бар дӯшдошта боз ҳам масъулиятнок бошем.

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика