Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рӯзи сеюм ва анҷоми мусобиқаи шиноварӣ

289

Дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, варзишгарони иштирокчӣ дар чор намуди сабқат ба масофаҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, аз натиҷаи он ғолибон муайян гардиданд. Рафти мусобиқаро ҳаводорону мухлисони зиёди ин соҳаи варзиш тамошо намуданд.
Бо ҳамин, дар ин мусобиқаи бонуфузи варзишӣ аз рӯи ғолибияти бештари бадастовардаи варзишгарон, ҳайати мунтахаби дастаи Федератсияи Россия бо бартарияти бештар зинаи аввали мусобиқа, дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақоми дуюм ва Ҷумҳурии Беларус ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Шиноварони тими Тоҷикистон бо касби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ҷойи 4-умро соҳиб гаштанд.

290291292

Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии имсола, ки бори дуюм аст бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ ва дастгирии вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад, дар миёни иштирокчиён ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои шиноварии сатҳи кишвар ва байналмилалӣ буданд, ки аз худ бори дигар маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Аз зумраи онҳо, Елизаветта Левша – аз дастаи Ҷумҳурии Беларус, барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо, ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои Ҷумҳурии Белорус, Ирина Злобина – ғолиби Чемпионати Федератсияи Россия, ғолиб ва ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои Округи Федеративии Сибир оид ба шиноварӣ, устоди варзиши Федератсияи Россия, Олеся Корчагина – барандаи чандинкаратаи медали биринҷии Чемпионатҳои Федератсияи Россия, ғолиб ва рекордсмени мусобиқаи Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, устоди варзиши Федератсияи Россия ва дигар ҷоизадорон ширкат доштанд.
Дар маросими пӯшидашавии чорабинии варзишии сатҳи байналмилалӣ муовини Раиси вилояти Суғд Турахонзода Баҳоваддин Баҳодур, сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, муовини аввали Раиси ШҶ “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Шоҳиён, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи шиноварии кишвар, намояндаи ҷамъияти варзишии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Салават Гайсин ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, дар маросими тантанавӣ мукофотҳоро ба ғолибон супориданд.

293294295296297298

Ба ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ Ҷом, Диплом, медалу Ифтихорномаҳои фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи шиноварӣ, раиси федеретсияи шиноварӣ дар вилояти Суғд, сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода баромад намуда, аз номи раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бори дигар меҳмононро барои ташрифашон ба сарзамини меҳмондӯсти тоҷикон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки баргузории чунин мусобиқа саҳифаи наверо дар китоби дӯстию бародарӣ байни миллатҳо хоҳад кушод. Ва иштирокчиёни мусобиқа ба хусус меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бо таассурот ва бардошти нек аз мусобиқаи шиноварӣ, сайругашт аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон хотираҳои нек гирифтанд.

299

Расми хотиротӣ дар саҳни майдони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки тамоми ширкатчиёни мусобиқа ба қисмати асосии чорабинӣ хотима гузошт.
Аз рӯи нақшаи баргузории мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бегоҳии рӯзи 24-уми июн ба иштирокчиёни мусобиқа барномаи сайёҳӣ таҳия гардидааст, ки варзишгарон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он дидан хоҳанд кард.
Акбар Шарифов
Хусрав Солеҳов




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика