Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маросими пуршукӯҳи дипломсупорӣ ба хатмкунандагони Академияи ВКД

347

Рӯзи 20-уми июни соли 2019 дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.

Дар ин чорабинии тантанавӣ, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону шунавандагону курсантони Академия ва волидони онҳо баргузор гардид, хатмкунандагони факултетҳои рақамҳои 1, 2 ва 5-и ин даргоҳи илмро дар самтҳои ҳайати роҳбарикунандаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, ихтисосҳои «Ҳуқуқшиносӣ» ва «Бехатарӣ аз сӯхтор ва мудофиаи гражданӣ» хатм намуда, соҳиби диплом ва рутбаҳо гардиданд.

348349

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов зимни баромади хеш баён намуд, ки маросими хатм дар айёме рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва суботи сартосарӣ 22-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ботантана ҷашн мегиранд. Таърих гувоҳ аст, ки ин зиндагии осуда ва шароити хуби зисту таҳсил бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардидааст.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ дар тақвияти суханонаш илова намуд, фаромӯш набояд кард, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан, мояи ифтихору сарбаландист ва ин масъулият дар назди мову шумо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан ба ҷинояткорӣ, дониши мукаммал ва содиқ будан ба Савганди хешро талаб менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар беҳтарсозии шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тамоми кӯшишу талошҳоро равона намуда, баҳри баландихтисос гардидани кормандон, афзудани сафи олимони ҷавон ва донишу малакаи касбии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои зарурӣ меандешанд.
- Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо донишу маърифат, садоқату самимият мекӯшем то сазовори боварию эътимоди Роҳбари давлат бошем ва аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зиммагузоштаамон содиқонаву сарбаландона бароем, - афзуд Абдулло Навҷувонов.
Сипас, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии идонаро ба Академияи ВКД хайрамақдам гуфта, хатми муваффақонаи курсантонро дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу сулҳпарвар ва афзудани базаи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ намуд.

351350352

- Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар тӯли солҳои таҳсил баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳиссаи босазои хешро гузоштанд, - илова намуд ӯ.
Сардори ин муассисаи таълимӣ бо боварии комил иброз дошт, ки хатмкунандагон ҳангоми кору фаъолият аз уҳдаи вазифаҳои пешниҳодгардида сарбаландона баромада, фаъолияти худро бо шаъну шараф идома медиҳанд ва ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар идома, волидайни хатмкунанда Ашӯр Ашӯров муҳофизони ин Ватанро таҳният гуфта, бо боварии комил изҳор намуд, ки онҳо дар оянда баҳри ҳифзи сарзамин камари ҳиммат баста, саҳми босазои хешро дар рушду пешрафти ҷомеа мегузоранд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз номи хатмкунандагон Абдулҳафиз Раҷабиён баромад карда, зикр намуд, ки дар посух ба ҳама ғамхориву дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ, ки тайи солҳои таҳсил аён гардид, ҳамчунин дар ин давра онҳо соҳиби бинои нави таълимии замонавӣ гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқу миллат фаъолияти содиқонаву софдилонаро ба роҳ мемонанд ва афзуд, ки «Дар фаъолияти мустақили касбият чун ниёгону собиқадорони содиқи соҳа аз худ далериву шуҷоат ва мардонагиву матонат нишон медиҳем».
Ҳамчун рамзи эҳтирому қадршиносӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД аз тарафи хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ барои Осорхонаи ВКД туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар охир, бори дигар ба хатмкунандагон садоқату самимият, хизматгузорӣ ба халқу Ватан ва баромадан аз иҷрои уҳдариҳои вазифаҳои хизматиро таманно намуданд.

355

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин маросим ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро зиёда аз 300 нафар хатм намуда, аз инҳо 8 нафар соҳиби дипломи сурх гардиданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика