Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона дар ВКД

102

Ҳамасола дар арафаи ҷашну чорабиниҳои идона бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дастгириву кумак ба ниёзмандону маъюбон, барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи шаҳрвандону кормандон дар ВКД ва ҷузъу томҳои он ярмаркаи маҳсулоти хӯрока доир мегардад.
Рӯзи 4-уми июн низ ба муносибати Иди шарифи Рамазон дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи идона бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифати хӯрока баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони ВКД ва деҳқонон аз ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҳисор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Панҷу Хуросон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин корхонаву ширкатҳои шириву қаннодӣ маҳсулоти худро бо нархи дастрас, аз 40 то 50 фоиз нисбат ба нархи бозор арзон ба мизоҷон пешкаш намуданд.

103104105

Аз ҷумла, 1 кг гӯшт 20 сомонӣ, 1 кг шакар 5 сомонӣ, 1 кг биринҷ 8 сомонӣ, 1 кг картошка ва пиёз 1-сомонигӣ, як қуттӣ тухм 15 сомонӣ ва монанди ин дигар маводҳои хӯрока - нахӯд, мош, сабзӣ, меваҷоти тару тоза бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон гардонида шуд.
Дар ярмарка бо дастгирии роҳбарият ба ниёзмандон тарбуз, помидор, бодиринг ва карам ба таври ройгон дода шуд, ки онҳо барои ин иқдом арзи сипос намуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика