Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазирони корҳои дохилии ИДМ бо Президенти Ӯзбекистон

119

Субҳи рӯзи 31-уми майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ба шаҳри Тошкант ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ҳайати Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Туркманистонро самимона пазироӣ намуда, аз рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ин радиф Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро салому гарму самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонида, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд.

120121

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ яке аз механизмҳои муҳими ҳамкориҳои самаранок дар самти мубодилаи таҷрибаи пешқадам, донишҳои замонавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии мустаҳкам дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва савдои одамон мебошад.
Дар тӯли 5 соли охир 25 фоиз кам гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаҳодати натиҷаҳои самарабахши кори Шӯрои мазкур маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар доираи амалиётҳои муштарак танҳо дар соли гузашта фаъолияти 892 шахсоне, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, пешгирӣ карда шуда, 84 ҷинояткор дастгир карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ оид ба масъалаҳои амнияти минтақа, аз он ҷумла вазъи Афғонистон ва таҳким бахшидани шарикӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ гуфтугӯи судманд доир гардид.

122

Дар хотимаи мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика