Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Ироқ

108

Имрӯз (18.05.2019) Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал-Юсуфӣ вохӯрӣ доир намуд. 

Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндаи давлати Ироқро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷониба дар арсаи ҳамкориҳо мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст.
Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ироқ дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

109110

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои характери трансмиллидошта табодули назар карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика