Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар шаҳри Турсунзода

167

Рӯзи 10-уми майи соли 2019 дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсия ифтитоҳ гардид. 

168169170

Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарияти ВКД ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, инчунин дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Бинои Марказ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, иборат аз ду ҳуҷраи корӣ барои сарнозир ва ду нозири минтақавӣ, инчунин як корманди фаврӣ, толори васеъу барҳаво барои шӯроҳои ҷамъиятӣ ва кор бо аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Марказ бо тамоми шароитҳои корӣ ва маишӣ, таҷҳизотҳои муосири корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар пешбурди самти фаъолияти масъулин нақши назаррас хоҳад гузошт.
Бо сухани муқаддимавӣ нахуст, Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф қудуми мубораки меҳмононро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, ифтитоҳи ин марказро ба ҳозирин шодбош гуфт.
Мавсуф бо итминон изҳор намуд, ки кормандони Марказ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ободиву осоиштагии ин гӯшаи зебои диёр саҳми муносиби хешро хоҳанд гузошт.

171172

Дар идома муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов миннатдории самимонаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин марказ ба мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ташкилотҳои «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) ва «Ҷаҳон» расонид.

Муовини Вазир дар идома зикр намуд, ки дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, инчунин ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати ИМА то ба имрӯз дар ин самт чандин биноҳо бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки ин ҳама барои дар ҳамкории зич қарор доштан бо аҳолӣ баҳри ошкору пешгирии ҷинояткориҳо равона гардидааст.
Бовари дорем, ки кормандон ва шӯроҳои ҷамъиятие, ки дар ин маркази тозабунёд фаъолият менамоянд, тамоми донишу малакаи касбии худро баҳри рушду тарақиёти кишвар, оромиву осоиштагии мардум, ошкору пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва барои боз ҳам қавӣ гардидани бовариву эътимоди шаҳрвандон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ равона менамоянд.
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар навбати худ иброз дошт, ки «барои ман боиси ифтихор аст, ки ҳамроҳи шумо дар ифтитоҳи бинои Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа иштирок дорам ва миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД оид ба ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо баён менамоям».
- Итминон дорам, ки маркази мазкур зимни фаъолияти пурсамари худ робитаи қавии аҳолиро ба мақомоти милитсия таъмин намуда, эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти корҳои дохилӣ афзун менамояд. Мавсуф дар фарҷоми суханронии худ ба масъулини ин марказ барору муваффақиятҳо таманно намуд. 

173174175

Сипас, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷамшед Машрабзода аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба раиси шаҳри Турсунзода барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ободониву бунёдкорӣ ва ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ медали «Барои ҳамкорӣ» тақдим намуд.

Дар идомаи чорабинии баргузоргардида аз номи роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Турсунзода ба нафароне, ки дар ободонии ин марказ саҳми худро гузоштаанд, Сипосномаи Вазорати корҳои дохилӣ супорида шуд.
Дар фарҷом меҳмонон ва намояндагон бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон вохӯрӣ намуда аз фаъолияти пурсамари шӯроҳо суҳбати озоду самимӣ доир намуданд. Зимни ин вохӯрӣ аҳолии ҷамоати Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва аъзоёни шӯроҳо ба Вазири корҳои дохилӣ ва бунёдкорони ин марказ арзи сипосу минатдории самимии худро баён намуданд.
Р.Илёсов, Н.Ҷобиров




Рӯйдодҳо

  • Суғд: Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

    Санаи 23-юми январи соли 2020 вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ....

    24.01.2020 12:56
  • Дуздии таҷҳизоти ороишӣ аз дохили кошонаи ҳусн

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    24.01.2020 10:06
  • Садамаи нақлиётии марговар бинобар сабаби беаҳамиятии ронанда

    Рӯзи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи ....

    24.01.2020 10:03
  • Расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 35-солаи сокини деҳаи Хоҷамусои ....

    23.01.2020 10:23
  • Дуздии телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 44-солаи сокини ноҳияи ....

    23.01.2020 10:21
  • Дуздии 6-сар чорво аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 33-солаи сокини деҳаи ....

    23.01.2020 10:19
  • Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дучархарон ба ҳалокат расид

    Рӯзи 21-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.01.2020 10:18
  • Дуздии маблағ ва телефонҳои мобилӣ аз дохили автомашина

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    21.01.2020 10:37
  • Муайян ва ошкор шудани қаллобиҳо

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи ....

    21.01.2020 10:35
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагарди шахсияташ номаълум

    Рӯзи 19-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    21.01.2020 10:32
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика