Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат вобаста ба пешгирӣ намудани сӯхтор

19

Рӯзи 4-уми май дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД баҳри таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ ва хошоки дурушти чорво дар мавзеъҳои ҷангалзор, мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миқёси ҷумҳурӣ семинар-машварат доир гардид.

Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршо Зеваршоев, сардори СХДО генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, сармутахассиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қаноатов, инчунин намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулини боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

20

Дар оғоз муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов баромад намуда, зикр кард, ки ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон мавсими таҳдидкунандаи сол ба миён меояд. Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар шароити буҳрони иқтисодӣ давлатҳои пешрафтаи дунёро ба ташвиш овардааст, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъмин намудани бехатарӣ аз сӯхтор ҷиҳати ҳосили марди деҳқон ва дастрас намудани он ба ҷойҳои пешбинишуда вазифаи аввалиндараҷаи ҳамагон ба шумор меравад.
Сардори СХДО генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дар навбати худ иброз намуд, ки масъалаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин замина, ба роҳбарони тамоми сохторҳои мамлакат ҷиҳати роҳандозӣ намудани тадбирҳои судманд дар ин самт дастуру супоришҳо дода мешавад.
Номбурда, инчунин илова кард, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои ноил гардидан ба он бояд, дар баробари сохторҳои марбутаи давлатӣ ва хусусӣ, ҳар як аъзои ҷомеа саҳми босазои худро гузорад.

212223

Ҳамасола бо фаро расидани мавсими тобистон бо баланд шудани ҳарорати ҳаво афзоиши ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷангалзору ғаллазор ва оромгоҳҳо мушоҳида карда мешавад. Новобаста ба он ки барои пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо СХДО ва сохторҳои зертобеи он тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳида мунтазам тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудаанд, аммо бинобар сабаби беаҳаммиятӣ ва бемасъулиятии баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ин ҳолат боиси ба амал омадани ҳодисаи нохуши сӯхтор ва расонидани зарари модию молӣ мегардад.
Сардори СХДО, ҳамчунин иброз намуд, ки давоми солҳои 2017-2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 27 ҳодисаи сӯхтор дар ҷангалзору ғаллазорҳо, чарогоҳҳо ва сӯхтори алафҳои хушки шафати роҳҳои мошингард ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 870 ҳазору 271 сомонӣ зарари модӣ расонида шудааст. Ташвишовар он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар натиҷаи сӯхтани алафҳои хушкидаи худрӯй алангаи оташ дар масоҳати калон паҳн гардида, ба маҳаллаҳои аҳолинишин мегузарад ва бевосита ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон таҳдид менамояд. Илова бар ин, дарахтони нодир, сояафкан ва мевадиҳанда нобуд мегарданд. Ҳамарӯза тавассути ВАО шоҳиди он гардида истодаем, ки айни замон дар як қатор кишварҳои пешрафтаи дунё сар задани сӯхтор дар ҷангалзорҳо боиси изтироби ҳукуматдорон гардидааст.
Дар ҷараёни семинар-машварат маърӯзачиён вобаста ба мавзӯъҳои «Меъёр ва талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои ҳаракати техника ва нақлиётҳо дар мавзеъҳои ҷангал ва интиқоли борҳо, аз он ҷумла борҳои пошхӯранда», «Чораҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ ҷиҳати роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар оромгоҳҳо дар давраи оташтаҳдидкунандаи фасли тобистон» ва «Рафти татбиқи амалии талаботи Қонун «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2010 «Дар бораи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми ҷамъоварӣ ва захираи зироатҳои ғалладона ва хошоки дурушти чорво» маърӯза намуданд.
Дар интиҳо баҳри пешгирии сар задани сӯхтор ва вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика