Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

103

Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки рӯзи 4-уми майи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.

104

Қабл аз шурӯи чорабинӣ, як гурӯҳ курсантони ин боргоҳи илму маърифат дар саҳни Академия, ки хеле идона ороста шуда буд, дар назди меҳмонону ҷавонони кишвар, усули ба қисмҳо ҷудо кардану боз ҷамъ намудани силоҳи оташфишонро намоиш доданд.
Сипас, манзараи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҳайати меҳмонон, алалхусус ҷавононро ба худ ҷалб намуд, ин зери навои мусиқӣ бо силоҳ дар даст иҷро кардани рақси махсус аз тарафи курсантдухтарони Академия буд.
Дар вохурӣ Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро самти афзалиятнок шуморида,пайваста баҳри онҳо ғамхорихои падарона зоҳир менамояд,ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон медиҳад,ки ҷавонони боғайрати миллат дар эъмори давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда,обрӯ ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз хам боло намуда,номбардорони ин миллати куҳанбунёд гарданд.
Номбурда изҳори умед намуд, ки «ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд».
Дар идомаи ҷамъомади мазкур як қатор ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ баромад намуда, доир ба пешрафти соҳаи илму маориф изҳори андеша карданд. Тавре ҷавонони фаъол қайд карданд, аксари онҳо дар кори тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкории наздик доранд.

105106107

Дар идомаи ҷамъомади бошукӯҳ миёни роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ донишҷӯёну курсантон табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, донишҷӯёну ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», курсантон бо таклифу пешниҳодҳо баромад намуда, сипосу миннатдории худро ба созмондиҳандагони ҷамъомади мазкур баён дошта, қавл доданд, ки дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшиш менамоянд бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда барои халқу Ватан схизмат намоянд.
Сипас, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо ВКД, пешгирии ҳолатҳои шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузорӣ дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавонони фаъол, Ифтихорномаи фахрӣ ва Сипоснома тақдим гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиёни он барномаи фарҳангӣ-фароғатии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаш гардида, барои меҳмонон - ҷавонони фаъоли кишвар, дастархони идона ороста шуд.

Асламов Б. С., Сафарова С.Н., Убайдулоев Ш. Э.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика