Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси хизматӣ ва маҳфили шеъру адаб дар ВКД

2930

Имрӯз (03.05.с.2019), дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дарси хизматӣ бо иштироки ҳайти шахсии мақомот доир гардид. 

Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед вобаста ба зуҳур кардани ҷиноятҳои махсусан хафноку муташаккил, аз қабили терроризму бандитизм, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои трансмиллии сапаратизму экстремизм, мубориза ва пешгирӣ кардани чунин ҷиноятҳо маълумот дода, қайд кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тавонистанд собит намоянд, ки онҳо бо шуҷоату далерӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд бар муқобили ҳама уна гурӯҳу шахсони ҷиноятпешаи мусаллаҳ ғолиб оянд.
Дар рафти ҷамомад байни ҳайати шахсӣ ва сардори раёсати мазкур саволу ҷавоб доир гардида, вобаста ба хатари терроризму экстремизм мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин дар идомаи дарси хизматӣ дар толори ВКД маҳфили адабӣ вобаста ба ҷойгоҳи одобу ахлоқ дар осори бадеии адибони тоҷик доир гардид. Дар чорабинӣ шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ва ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳофизи халқӣ Файзалӣ Ҳасан иштирок намуданд.
Сардори Маракази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ суханронӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.

313233

Сипас, Рустами Ваҳҳоб порчаҳои шеъриро қироату тафсир намуд. Зикр гардид, ки ҳам дар назм ва ҳам дар наср адибони классик ва муосири мо ба ахлоқи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Осори гузаштагони мо саропо панду андарз ва ҳикмат аст. Ҳамчунин қайд гардид, ки ҳамагуна осори адабии шоиру нависандагони мо хусусияти тарбиявӣ дорад. Зеро дар гузашта ва ҳам дар имрӯз халқи тоҷик бо урфу одати ба худ хос, одоби баланди инсонӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати якдигар дар арсаи ҷаҳон ном баровардааст ва халқи тоҷикро ҳамчун халқи инсондӯст мешиносанд. Дар рафти ҷамъомад Файзалӣ Ҳасан бо сароидани сурудҳои ватандӯстона таъби ҳозиринро болида гардонид.

3435

Дар идомаи чорабинӣ вобаста ба порчаҳои шеърӣ ва шарҳу тафсири он байни иштирокдорон суҳбати самимӣ сурат гирифта, меҳмонон ба саволҳои пешкашгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИНЗОДА


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика