Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии гӯштини юнону румӣ миёни наврасону ҷавонон

178

Машғул гардидан ба варзиш аз иқдомҳои неки инсонӣ ба шумор меравад, зеро варзиш ифодагари сулҳу оромии кишварҳо, таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқу миллатҳо мебошад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт пайваста чорабиниҳои варзишӣ-фарҳангии сатҳи гуногун бо ҷалби доираи васеи ҷавонону наврасон баргузор карда мешаванд.
Маҳз ба ин хотир, рӯзҳои 24-25-уми апрели соли 2019 дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Маркази омодагии олимпии тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Гӯштини юнону румӣ» байни варзишгарони навраси кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш – рамзи дӯстии халқу миллатҳо!» доир карда шуд.

179180181182

Мусобиқаи мазкур ба 74-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар он варзишгарони наврасу ҷавони солҳои таваллуди 2001-2003 аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, инчунин минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Мусобиқа тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии гӯштини тарзи юнону румӣ гузаронида шуда, варзишгарони наврасу ҷавон дар 10 вазн барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалии «Гӯштини тарзи юнону румӣ» байни варзишгарони наврас муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати инкишофи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.
Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ифтитоҳ бахшида, намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш ва муносибатҳои дӯстона изҳори миннатдорӣ намуд.
Қайд гардид, ки гӯштини тарзи юнону румӣ миёни наврасону ҷавонон маҳбубияти зиёд дошта, сол то сол шумораи шавқмандони ин риштаи варзиш зиёд мегардад.
Чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалии миёни дастаҳои кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» соли ҳафтум аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва он ҳамасола мухлисону ҳавасмандони зиёдро ба худ ҷалб месозад.
Мусобиқаи имрӯза боз як қадамест, баҳри таҳким ва устувор намудани робитаҳои дӯстию бародарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз миёни варзишгарони наврасу ҷавон ва муаррифии кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ.

183184185

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ баҳри болидагии табъи меҳмонону иштирокчиёни мусобиқа дар иҷрои ҳунармандони ансамбли «Сипар» ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба забонҳои русию қазоқӣ, қирғизиву ӯзбекӣ ва тоҷикӣ сурудҳои дилнишин хонда шуд.
Инчунин, аз ҷониби хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ва варзишгарони ҷавону наврас намоишҳои худмуҳофизатӣ бе яроқ, аз тарафи ҳунармандони навраси Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва гурӯҳи «Асри нав» (Новая эра) бошад, рақсҳои милливу тарзи муосир иҷро карда шуданд, ки писанди ҳамагон гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои саҳм гузоштан дар самти ҳамкориҳои варзишӣ намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар натиҷаи умумии мақомҳои ишғолнамудаи варзишгарон, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи дуюм ва дастаи варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳо, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.

186187

Мусобиқаи байналмилалии «Гӯштини тарзи юнону румӣ», байни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» дӯстию рафоқат ва бародарию якдигарфаҳмиро таҷассум намуда, бори дигар фазои сулҳу ободи диёри меҳмонпарвари Тоҷикистони азизро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика