Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВКД

76

Санаи 13-уми апрел дар қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ин ниҳод чорабинии идона баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони як қатор сохторҳои гуногун, собиқадорон, афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

62636465

Нахуст, роҳбарияти ВКД ва меҳмонон аз гӯшаҳои идона, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ороста шуда, дар онҳо ҳунарҳои кандакориву дуредгарӣ, кафшергарӣ ва маҳорати устои автомашинаҳою дузандагӣ, ки барои сарбозон ба роҳ монда шудааст, дидан намуданд. Дар қисмати дигари ин намоишгоҳ, силоҳу аслиҳаи ҷангӣ ба маърази ом гузошта шуда буд.
Тавре зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз дошт, сол то сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушду тараққиёти иқтисодӣ, саноат ва беҳдошти шароити модию маишии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизматъ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин раванд, мебояд дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД касбомӯзии сарбозон ҳангоми адои хизмат, аз қабили барқчӣ, кафшергар, ошпаз, сартарош, чӯбтарош ва дигар намуди касбҳо ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, аз соли 2012 инҷониб дар ҳамаи биною иншооти қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ давра ба давра корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ, вусъати тоза пайдо намуда, онҳо зина ба зина таъмиру таҷдид карда шуданд. Шароити имрӯзаи будубош ва маишии хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ дар байни сохторҳои ҳарбии кишвар намунавӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ ба масъулин супориш дод, ки ин ҳунарҳоро дар байни афсарону сарбозон равнақ дода, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор масъалаи ҷалби бештари устодони кордон ва додани шаҳодатномаи касбомӯзии баробарарзишро ба сарбозон мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Чорабинии идона ва қадршиносии афсарону сарбозон

67

Сипас, бо сароидани Суруди миллӣ ба чорабинии идона ҳусни оғоз бахшида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои дохилиро ба ин санаи фаромӯшнашаванда самимона табрику таҳният намуда, барояшон осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ ва дар зиндагиатон барору комёбиҳо таманно намуд.
Боиси ифтихор аст, ки аз оғози таъсиёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватану миллат, Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуда, бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати инсонии худ баромада тавонистанд.
Рамазон Раҳимзода дар идома иброз дошт, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ беш аз пеш афзуда истодааст. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи на чандон тӯлонӣ ва хизмати ҳомиёни Ватан баҳои баланд дода, иброз намудааст, ки: «Чунонки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад, ин сохтор соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз кардааст.
Зеро дар айёми ноороми оғози соҳибистиқлолӣ ба асари муқовимати мусаллаҳона фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон фалаҷ гардида буд.
Бо вуҷуди ин, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ бо азму иродаи мардона ба савганди ҳарбӣ ва суннатҳои неки ватандорӣ содиқ монда, дар вазъияти хеле мушкилу ҳассоси сиёсиву ҷамъиятии солҳои 90-уми асри гузашта мавқеи устувори худро ба хотири иҷрою вазифаҳои хизматӣ ва ҳимояи амнияту осоиши мардуми кишвар нигоҳ дошта тавонистанд.

66

Он солҳо бо дарназардошти вазъияти мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлолияти давлатӣ зарурат ба миён омад, ки сохтори Қӯшунҳои дохилӣ такмил дода, дар ҳайати он қисмҳои нави низомӣ ташкил карда шаванд».
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо Қӯшунҳои дохилӣ асосан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳимми давлатӣ равона гардидааст. Дар ин замина, ҳамарӯза 300 нафар сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбониву пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд. Омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Хизмат дар сафҳои Қӯшунҳои дохилӣ шараф буда, сарбозони он дорои шароити хуби маишӣ мебошанд ва онҳо чун имтиёз имконият доранд, ки пас аз адои хизмати Модар-Ватан, хизмату фаъолиятро дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ идома диҳанд, - афзуд Вазир ва бо қаноатмандӣ илова намуд, ки минбаъд низ ба масъалаи сару либоси сарбозон, хурду хӯрок ва шароити бурдубоши хизмат дар сафҳои Қӯшунҳои дохилӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.
Сипас, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганд, тарбияи сарбозони ҷавон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, нишон додани матонату далерӣ дар шароити душвори хизмат, интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили ҷашни 26-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД 180 нафар афсарону сарбозон бо нишонҳои сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», «Аълочии милитсия», медалҳои «Барои химати шоён», «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои садоқат», «Барои далерӣ», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Ифтихорномаи фахрӣ»-и ВКД ва Сипосномаю Раҳматнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷониби сарбозони қисмҳои низомии 5453 ва 3502 машқҳои махсус ва усулҳои ҷанги тан ба тан бо маҳорату малакаи баланди касбӣ ва омодагии ҷиддӣ ба намоиш гузошта шуд, ки писанди ҳозирин гардид. Инчунин, мувофиқи ротаҳо марши тантанавӣ доир гардид.
Баъдан, Вазир аз меҳмонхонаи вохӯрии сарбозон бо аҳли оилаашон дидан намуда, бо шароити муҳайёгардида дар он шинос шуд.

Ҷамъбасти мусобиқаҳои ҷашнӣ

69

Тавре иттилоъ дода будем, ба муносибати ҷашни касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10-уми апрел таҷлил карда мешавад ва бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ин сохтор, ҳамзамон таъсиси дастаи таъиноти махсуси он мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, гӯштини миллӣ ва тирпарронӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ғолибият байни ҳам рақобат намуданд.

70

Ҳамин тавр, дар мусобиқаи футбол ҷойи аввалро дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ (РҚД), ҷойи дуюмро тими Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҚС) ва зинаи сеюмро дастаи Вазорати мудофиа (ВМ) ба даст оварданд.
Дар намуди гӯштини миллӣ бошад, дар вазни 60 кг ҷойи аввал ба Акмалиддин Каримов аз РҚД насиб гардида, зинаи дуюмро намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар Сафарбеки Ҳукумалӣ ба даст оварда, ду зинаи сеюмро Ҳикмат Худобахшов аз ҚС ва Ҳусейн Ализода аз Гвардияи миллӣ соҳиб шуданд.
Дар вазни 65 Сомон Идиев аз ҚС ба гирифтани ҷойи аввал сазовор дониста шуда, зинаи дуюмро Сайфулло Исозода аз РҚД ва ду зинаи баъдиро Муҳаммадҷон Муродов намояндаи ВМ ва Фаридуни Назаралӣ аз Гвардияи миллӣ (ГМ) соҳиб шуданд.
Дар вазни 70 кг ҷойи аввал ба Муҳаммад Шомаҳмадов аз РҚД, ҷойи дуюм ба Холмаҳмад Тавакалов аз ҚС, ҷойҳои сеюмро дар ин вазн ба Муҳаммадшариф Зикруллоев аз Хадамоти гумрук ва Давлатманд Зиёратшоев аз ВМ сазовор донистанд.
Дар вазни 75 бошад, мақоми аввал ба Ҷовидон Маҳмудов аз ВМ, ҷойи дуюм ба Муҳаммад Мирзоев аз РҚД ва ду ҷойи баъдиро Исфандиёр Миралиев аз ВМ ва Фаррухрӯз Мирзоев аз ҚС соҳиб шуданд.

72

Дар вазни 80 кг ҷойи аввал ба Ҷамшед Қурбонов аз РҚД, ҷойи дуюм ба Раҷабалӣ Абдуллоев аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия (СРИҶҶ) ва ду зинаи сеюм ба Бахтиёр Хоҷаев аз СРИҶҶ ва Шарифхӯҷа Шарипов аз Ситоди ҳамоҳангсози воҳидҳои таъйиноти махсус (СҲВТМ) насиб гардид.
Дар вазни 90 кг бошад, ҷойи аввал ба Аминҷон Ҷалолов аз РҚД, ҷойи дуюм ба Суҳроб Давлатзода аз ГМ, ду ҷойи сеюм ба Ҷӯмъабой Шердилов аз СҲВТМ ва Саидфозил Ӯзбекзода аз СРИҶҶ лоиқ дониста шуд.
Дар вазни 100 кг ҷойи аввал ба Маликҷон Шошоев аз СҲВТМ, ҷойи дуюм ба Рамазон Т. намояндаи ҚС ва ду ҷойи охирро дар ин вазн Раҳматшои Шамсизод аз ҚС ва Зиёвиддини Тоҳирзод аз РҚД ба даст оварданд.

Дар вазни беш аз 100 кг ҷойи аввал ба Абубакр Раҳмонов аз РҚД ва ҷойи дуюм ба Сайнуриддин Камолов аз СҲВТМ насиб гардида, зинаи сеюмро Шодибек Холов аз СҲВТМ сазовор гардид.

7173

Дар сабқати тирандозӣ ҷойи аввал ба лейтенанти калони милитсия Маҳмадшариф Баёнов аз Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, мақоми дуюм ба намояндаи Вазорати мудофиа сержанти хурд Нурсултон Шукуров муносиб дониста шуда, зинаи баъдиро майор Фаридун Аламхонзода, корманди Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ сазовор шуд.
Аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои идона Ҷом, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ифтитоҳи бунёду иншооти ДАТМ

68

Дар ин рӯз, ҳамчунин ифтитоҳи биною иншооти навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ, ки моҳи июни соли 2018 таъсис ёфта буд, инчунин маҷмааи варзишӣ, ки барои тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан барои афсарону сарбозон пешбинӣ гардидааст, сурат гирифт. Воҳиди таъиноти махсуси номбурда ба чорабиниҳои хизматӣ ҷалб гардида, вазифаҳои хизматию ҷангиашро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом медиҳанд.

75

Тавре иттилоъ доданд, корҳои таъмирӣ дар бинои даста аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз ёфта, бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва қисман аз ҳисоби маблағҳои раёсат 10 утоқи хобгоҳ (барои 108 нафар), 6 утоқи корӣ, утоқи нигоҳдории аслиҳаю муҳиммоти ҷангӣ, утоқи нуқтаи тиббӣ, утоқи қисми навбатдорӣ, анборхонаи амволи шайъӣ, анбори аслиҳаю муҳиммоти ҷангӣ ва утоқи ба толори маҷлисгоҳу синфхона ҷудокардашудаи он ба пуррагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти барои ташкили фаъолияти самараноки дастаю будубоши ҳайати шахсӣ мусоидаткунанда ҷиҳозонида шудааст.
Дар охир барои болидахотирии ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД барномаи идонаи фарҳангӣ доир гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

 




Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика