Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз корҳои ободонию созандагӣ

28

Рӯзи 25-уми марти соли 2019 дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ташриф оварда, ба корҳои ободонӣ шинос гардид. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар баробари таъмири ҳуҷраҳои корӣ, даромадгоҳи асосии дохили бино, роҳравҳои чор ошёна ба пуррагӣ ба таври замонавӣ таъмир карда шудаанд, ки Вазир зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод.

29

Ҳамчунин маҷлисгоҳи хурди тозабунёди Раёсати мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маҷлисгоҳ барои гузаронидани конфронсу семинарҳо мутобиқ карда шуда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Зимни таъмиру ороиш сохтмончиён ба унсурҳои миллии меъморӣ афзалият дода, бо усули гаҷкорию нақшбандӣ маҷлисгоҳро омода намудаанд.
Дар як қисми толор Китобхона ташкил карда шудааст, ки дар он асарҳои нодир ва китобҳои тозанашри ҷашнию таърихӣ ва публитсистию бадеӣ нигоҳ дошта мешаванд.

303132

Дар ҳамин маҷлисгоҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ситоди байниидоравӣ гузаронида, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ расонид. Гуфта шуд, ки дар ин ҷода фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои давлатӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика