Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз гармхонаҳои хоҷагии ёрирасони минтақаи истироҳатии «Сипар»-и РВКД дар вилояти Суғд

24

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани хоҷагиҳои ёрирасон дар назди сохторҳои низомӣ ва мақомоти қудратӣ тавонист дар самти таъмини маводҳои озуқаворӣ мусоидат намояд.
Дар ин раванд дар мақомоти корҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бо назардошти фоидабахш будан, доираи фаъолияти хоҷагиҳои мазкур васеъ гардида истодааст.
Рӯзи 25-уми марти соли 2019 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз гармхонаҳои хоҷагии ёрирасони минтақаи истироҳатии «Сипар»-и РВКД дар вилояти Суғд, ки дар шаҳри Гулистон ҷойгир аст, боздид ба амал оварда, аз рафти кишту кор дар ин гармхонаҳо дидан кард.
Мавриди қайд аст, ки дар минтақаи истироҳатии мазкур 3 гармхона: гармхонаи лимон дар масоҳати 7х50 ва ду гармхонаи помидор дар масоҳати 6х80 ва 8х100 мавҷуд буда, дар онҳо масолеҳи тару тоза парвариш карда мешавад.
Айни замон дар гармхона 60 дарахти лимон парвариш ёфта, онҳо гул карда, ба додани ҳосил тайёр шуда истодаанд.
Дар гармхонаи помидор бошад, дар моҳи декабр 1000 бех помидор шинонида шуда буд, ки айни замон ҳосил баста, аз ҳар як ниҳоли помидор 5-6 килограмм ҳосил ба даст омада, зиёда аз 2 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар гармхонаи дигари помидор 4 ҳазору 300 бех помидор гул карда, барои додани ҳосил тайёр шудааст. Инҳо помидорҳои мавсимӣ буда, аз ҳар як бех 5-6 килограмм ҳосил рӯёнида мешавад.

252627

37

Ҳамасола, ҳосили ба даст омада ба қисми низомии 3501-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, факултети рақами 4-и Академияи ВКД ва ДТММ дар вилояти Суғд фиристонида шуда, курсантон ва сарбозону афсарон бо сабзавоти тару тоза таъмин карда мешаванд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти кишту кори баҳорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати самаранок истифода бурдани боду ҳавои мусоид ва ба даст овардани ҳосили фаровон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика