Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ғолиби озмуни «Авто-Бону-2019» иштирокчӣ аз вилояти Суғд гардид

189

Имрӯз дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии пойтахт, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси ВКД ва Раёсати БДА ВКД озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор гардид.

179180181

Чорабиниро сардори Раёсати БДА генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс оғоз намуда, иброз намуд, ки мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардидааст. Дар ин радиф Раёсати БДА ВКД бо иштироки бонувони ронанда тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», озмуни навбатии маҳорати касбӣ байни занону духтарони ронанда «Авто - Бону 2019»-ро гузаронад.

Мавсуф дар идомаи суханрониаш иброз намуд, ки гузаронидани чунин озмун пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда, таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии садаманокӣ гузаронида мешавад. Аз таҳлилҳои коршиносони соҳа бар меояд, ки бонувон зимни идора намудани автомобил нисбати мардон бо эҳтиёт буда, ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳама ҳолат риоя менамоянд.

182183184185186

Дар хотимаи суханрониаш генерал-майори милитсия Насимзода А. Ғ., иштирокчиёнро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи аҷам муборакбод намуда, барояшон хушбахтӣ, тансиҳатӣ, хонаободию комёбиҳои беназир таманно намуд.
Озмун аз рӯи даврҳои "Ман ва автомобилам", "Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ", " Рондани автомобил дар Автодром», «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, озмуни "Авто-Бону 2019" ҷамъбаст ва ғолибону иштирокчиёни фаъоли он муайян гардиданд. Аз натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Муътабар Азимова аз вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ Диплом ва рамзи «Авто-Бону 2019» гардид. Ҷойи дуюм насиби Мавлуда Саидова аз шаҳри Роғун гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар Мадина Ҳотамова, корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба даст овард.

187188

Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон ҷоиза ба Зуҳро Холбобоева дода шуд, ки ӯ 45 сол инҷониб миёни мардум ҳамчун ронанда шинохта шудааст.
Дар хотима, ба ғолибон ва ба тамоми иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ "Ифтихорнома" ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Тоҷиддин Латипов




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика