Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи Гуруҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон

14

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Геррит Зах, намояндагони Сафоратхонаҳои хориҷи кишвар, ташкилотҳои хориҷӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ Ҷаласаи гуруҳӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия ва вохӯрии ҳамоҳангсозии шарикон доир гардид.

1516

Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро барои иштирок дар мизи мудаввар ва саҳмгузориҳояшон дар амалӣ гардидани Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия арзи сипос намуд. Роҳбари аввали ВКД дар идома зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2012 коркарди санадҳои муҳимми барномавӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, демократикунонии он дар ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, зеро дар 27 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие ба вуқӯъ омада, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд оварданд. Дар ин марҳала системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, амалияи он низ дигаргун шуда истодааст. Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки милитсия яке аз ҷузъи асосии он мебошад. Дар ин ҷода, аз ҳама муҳим мустаҳкам намудани алоқаи милитсия бо мардум, таъмини шафофияти фаъолияти он ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад, - афзуд мавсуф. Сипас, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе Геррит Зах суханронӣ намуда зикр кард, ки Дафтари САҲА дар Душанбе бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, баҳри амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Вазири корҳои дохилӣ дар доираи амалигардонии ислоҳоти милитсия то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавии милитсия сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаааст.

171819

Дар идомаи кори ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оид ба “Раванди иҷроиши Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамои он” суханронӣ намуда, аз корҳои басомонрасонидашуда оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сохтмони биноҳои Академияи ВКД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ ва дигар биноҳои маъмурии милитсия, таъмири пурраи онҳо ва дигар бандҳои иҷрошудаи лоиҳаи барнома ибрози андеша намуд.
Дар кори ҷаласа сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Музаффар Боймаҳмадзода дар мавзӯи “Лоиҳаи қайди электронии аризаю хабар дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо”, сардори Раёсати моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД генерал-майори милитсия Шералӣ Маҳмадшозода оид ба “Намунаи сифатан нави сару либоси мавсимии низомии кормандони милитсия”, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода дар бораи “Бунёди маркази байналмилалии таълимӣ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони хориҷӣ дар самтҳои мухталифи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Академияи ВКД”, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич оид ба “Таъсиси милитсияи сайёр дар минтақаҳои дурдасти кишвар, бахусус дар деҳоту навоҳии кӯҳсори ҷумҳурӣ ва зарурати он” ва дигарон баромад намуданд.

20

Дар интиҳо, Вазири корҳои дохилӣ оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия ва робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика