Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия доир ба дурнамои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон

110

Рӯзи 2-юми марти соли 2019 дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва афзоиши набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, ширкатҳои саёҳӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума иштирок намуда, доир ба масъалаҳои экологӣ ва рушди саёҳӣ як қатор таклифҳои судманд пешниҳод намуд.

111

Дар рафти конференсияи мазкур иштироккунандагон доир ба мавзӯъҳои «Экосистемаҳои табиии Тоҷикистон – замина барои рушди сайёҳии экологӣ», «Ҷабҳаҳои асосии муҳити табиӣ, ки ҳамчун замина барои сайёҳии экологии самаранок хизмат мекунанд. Фоида ва имкониятҳо», «Доираи ҳуқуқӣ ва иқтидори конститутсионалии Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ», «Сайёҳии экологӣ – ҳамчун асоси принсипҳои нави ҳифзи табиати ёбоӣ дар Тоҷикистон» ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати рушди сайёҳӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки сайёҳони хориҷӣ то имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 350 миллион нафарро ташкил додааст ва даромад аз соҳаи сайёҳӣ дар дунё 2,2 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон то имрӯз 155 ширкатҳои саёҳӣ фаъолият доранд. Аз инҳо 15 ширкат дар ду моҳи соли 2019 таъсис дода шудааст.
Мавриди қайд аст, ки дар давоми соли 2018 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион нафар сайёҳон ворид шудаанд.
Аз ин лиҳоз, дар мақомоти корҳои дохилӣ дар Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст, ки барои роҳбаладӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ нисбати сайёҳон ва додани иттилооти зарурӣ ба сайёҳон хизмат намуда, бо автомашинаҳо ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз мебошад.

112113

Дар хотимаи конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва афзоиши набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон» иштирокдорон ба музокирот баромада, доир ба дурнамои сайёҳии рушди экологӣ ва афзоиш додани набототу ҳайвоноти нодир пешниҳодҳои муфид баён намуданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика