Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

146

Имрӯз (31.07.с.2018), бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи мазкур Абдуғафорзода Нуъмон Абдуғафор, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардид.

147148

Дар ҷаласа сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода А.Ҷ. баромад намуда, оид ба шуъбачаи сайёҳии милитсияи нав таъсисдодашуда дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД, вазифаҳои онҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

149

Мавриди қайд аст, ки шуъбачаи мазкур бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.
Ширкатҳо аз вохӯрӣ бо сохтори навтаъсиси мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Ба даст афтодани авомфиреб

    Зимни гузаронидани коркардӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноӽияи ....

    24.09.2022 10:56
  • Ҳалокати марди 50-сола дар пайи садамаи нақлиётӣ

    23-юми сентябри соли 2022, тахминан соати 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    24.09.2022 10:55
  • Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ....

    23.09.2022 11:07
  • Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

    21-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    22.09.2022 10:43
  • Ба даст афтодани марди қаллоб

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    22.09.2022 10:42
  • Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи ....

    21.09.2022 13:30
  • Ҳалокати ронанда ва хурдсол дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

    18-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    20.09.2022 11:49
  • Ба фоҳишахона табдил додани манзили истиқоматӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи ....

    20.09.2022 11:46
  • Душанбе одобу фарҳанги баланди ифтихоромез дорад!

    Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ....

    20.09.2022 11:43
  • Чор нафар низомиёни дастгиршуда аз рӯи принсипи башардӯстона ба Ҷумҳурии ....

    Тибқи созиши ба амаломадаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ....

    19.09.2022 21:34
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 07.09.2022 10:28
  • Эълон!

    Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони то синни 35 ....

    06.08.2022 12:07
  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби ....

    21.07.2022 14:57
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    2309

    © 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика