Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон

409

Дар партави сиёсати созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон, ки баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дидан намуд.

410411

Зимни боздид аз қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароитҳои хизматии ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамчунин, мавсуф дар саҳни ҳавлии Шуъбаи мазкур бо ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрӣ намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ ба онҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки зимни фаъолияти хизматӣ бо шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ хушмуомила бошанд ва пайваста савияи дониши худро такмил дода, забонҳои хориҷиро азхуд намоянд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика