Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи «Калкан» дар шаҳри Леони Ҷумҳурии Франсия

148

Рӯзи 27-уми марти соли 2018, ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи «Калкан»-и Интерпол «Дастовардҳо, корҳои амалишуда ва вазифаҳо барои соли 2018» бо иштироки Котиби генералии «Интерпол» Юрген Сток дар шаҳри Леони Ҷумҳурии Франсия ва намояндагони 19 давлати дунё оғоз гардид.

149

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва сардори Шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Оев Толиб иштирок намуда истодаанд.
Ҷаласаи Гурӯҳи кориро Котиби генералии «Интерпол» Юрген Сток ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки лоиҳаи «Калкан» намунаи беҳтарини ҳамкориҳои политсияи байналмилалӣ дар бисёр соҳаҳо мебошад.
Мавсуф ҳамчунин доир ба иштирокчиёни низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои ҷангзада, мубориза бар зидди терроризм, таҳдиду хатарҳои амниятӣ, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти байналмилалӣ ва минтақавии зиддитерористӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи «Калкан»-и Интерпол «Дастовардҳо, корҳои амалишуда ва вазифаҳо барои соли 2018» сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума баромад намуда, зикр кард, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо ва ҷинояткориҳои фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор месозад, ки дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бар зидди онҳо мубориза баранд.
Дар идомаи вохӯрӣ нақши «Интерпол» ва лоиҳаи «Калкан» дар самти таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим ва ҳалкунанда арзёбӣ гардида, барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

150

Мавриди қайд аст, ки ҷаласаи Гурӯҳи корӣ тайи ду рӯз идома ёфта, дар он намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Шри-Ланка, Туркманистон, Украина, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ироқ, Ҳиндустон, Гурҷистон, Бангладеш, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Япония ва дигар давлатҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика