Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо собиқадорони РВКД дар ВМКБ

112

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки моддӣ ба собиқадорон, нафақахӯрон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, камбизоатон, оилаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, дар толори РВКД дар ВМКБ сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар арафаи Соли Нави 2018 вохӯрӣ доир намуд.

113

Дар вохӯрӣ инчунин муовинони сардори Раёсат ва сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказии РВКД дар ВМКБ иштирок доштанд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб нахуст собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирокдоронро бо фарорасии Соли Нави 2018 аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику таҳният намуда, ба ҳамагон дар Соли Нави 2018 саломатӣ, хонаободӣ ва бурдбориҳоро таманно кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ аз рӯи масъалаҳои гуногун, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ, дуздии молу мулки шаҳрвандон сухан ронда, аз вазъи ногувори давлати ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шуда қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тӯли зиёда аз 1400 км ҳамсарҳад мебошад.

114

Ғайр аз ин полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб дар масъалаи мубориза бо маводи мухаддир, ки вабои аср маҳсуб меёбад, ибрози андеша намуда, қайд кард, ки гуруҳҳои ҷиноятпеша ва қочоқчиёни маводи мухаддир ба ҳар роҳу восита ба фурӯши ғайриқонунии он сару кор дошта, ҷавононро ба доми худ мекашанд ва танҳо мо - кормандони милитсия бо Шумо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ҳамкорӣ метавонем садди роҳи онҳоро гирем. Бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намоем.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб инчунин ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар иштирокдорони вохӯрии мазкур Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар таҳлил намуда, бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2018 эълон гардидани соли «Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ба иштирокдорони вохурӣ фаҳмонида дод.

115

Сардори Раёсат ғайр аз ин мавқеи ҷуғрофии ВМКБ-ро сайёҳӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки мардуми шарафманди ВМКБ метавонанд аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои фароҳам овардани шароитҳо ва пеш бурдани зиндагии худ саъю кӯшиш намоянд.
Дар чорабинӣ инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят баромад намуданд. Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ подполковники милитсия Мизроб Доробов аз номи собиқадорон дар арафаи Соли Нави 2018 роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар ВМКБ ва ҳайати шахсиро табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки мо собиқадорони ВМКБ дар ҳамкорӣ баҳри сулҳу суботи ҷомеа, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва таълими кормандони ҷавони милитсия саҳми арзишманди худро мегузорем.

116

Аз ҷониби сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ дар арафаи ҷашни Соли Нави 2018 ҳамчун туҳфа маблағи пулӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста карда шуд.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика