Имрӯз (02.07.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Машқгоҳи тактикии ВКД воқеъ дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо ин қароргоҳи кӯҳистонӣ Вазири корҳои дохилӣ аз шароитҳои зарурӣ барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон аз наздик шиносоӣ пайдо карда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин як қатор дастуру супоришҳо дод.
Бояд тазаккур дод, ки ин машқгоҳ барои ба роҳ мондани машқҳои васеъмиқёс, ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии кӯҳӣ, обутоби ҷисмонию рӯҳӣ ва аз обу оташ гузарондани низомиён басо мувофиқу тавъам аст.
Мавриди қайд аст, ки дар ин машқгоҳ шароити зарурӣ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ муҳайё карда шудааст, ки ҳамасола дар мавсими тобистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин мавзеи зебои кӯҳистон ба фароғату истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва нигоҳубини дарахтони сояафкан ва ҷангалзори гирду атроф ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба
Ба ифтихори тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати ....
Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи дастаҷамъи оид ба ....
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 38-солаи сокини ....
Бо мақсади ба аҳоли фаҳмонидани қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....
27-уми июни соли 2022, тахминан соатҳои 08:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи ....
23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....
Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза марди 33-солаи сокини ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>