Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои хоҷагии ёрирасон дар вилояти Суғд

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дорад.

Имрӯз (17.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ аз заминҳои хоҷагии ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дидан карда, аз рафти кишту кори баҳорӣ, тоза намудани навдаҳои дарахтони мевадиҳанда, токзорҳо ва шинонидани дарахтони мевадиҳандаи гуногун ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тарзи дурусти парвариши дарахтон, обёрӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ, ҳамчунин ба таври дуруст истифодабарии техникаи кишоварзӣ яке аз масъалаҳои асосие буданд, ки мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки заминҳои хоҷагии ёрирасони ВКД дар деҳаи Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров ҷойгир буда, масоҳати 27 гектарро ташкил медиҳанд.
Барои обёрӣ намудани заминҳои хоҷагии ёрирасон 3 чоҳи амудӣ барои обкашӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо дар як сония 70 литр об кашида мешавад.

Дар ин заминҳо маҳсулоти ғаладона ва дигар навъҳои сабзавот аз қабили гандум, нахуд ва намудҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки аз аввали соли равон аллакай зиёда аз 2 ҳазор ниҳоли нави мевадиҳанда, аз қабили шафтолу, зардолуи барвақтӣ ва олу шинонида шуданд.
Дар 2 гектари заминҳои хаҷагии ёрирасон токи ангур ва дар 3 гектар зардолу, себ, нок, анор ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳанда нашъу намо дошта, ҳамасола ҳосили хуб ба бор меоваранд.
Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои хоҷагидорӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулини соҳа ҷиҳати киштгардону шудгори заминҳо, ҷалби мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ ва баланд намудани ҳосилнокии замин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин лоиҳа ҷиҳати таъсис додани ошхона ва бошишгоҳи саҳроӣ тарҳрезӣ гардида, вобаста ба оғоз намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ масъулини соҳа вазифадор гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки маҳсулоти гуногуни меваҷот барои таъминоти ҳайати шахсии қисми низомии 3501-и Раёсати қушунҳои дохилӣ, Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд мунтазам фиристода мешаванд.
Айни замон, сафари кории Вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика