Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар партави «Соли ҷавонон»

«Курсантон ҳар рӯзи худро бояд ба омӯзиши илму донишҳои муосир сарф намуда, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёташон беҳуда гузарад».
Ин суханоне буданд, ки зимни вохӯрии сардорони шуъбаҳои милитсияи як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо толибилмони Академияи ВКД баён гардиданд.
Дар оғози ҷамъомади мазкур, ки рӯзи 14-уми март доир гардид, сардори ин муассисаи таҳсилоти касбӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД нисбат ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон, хусусан курсантони Академияи ВКД ёдовар шуда чунин иброз намуд:
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз намуданд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон тақозо карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд».
Дар идомаи суханронии худ сардори Академияи ВКД изҳор намуд, ки вохӯрии имрӯзаи сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо бо курсантон дар «Соли ҷавонон» ба он хотир гузаронида шуда истодааст, ки шогирдони мо ҳарчи бештар бо кори амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ошноӣ пайдо намуда, бо масъулини шуъбаҳои милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти хизматии онҳо табодули андеша намоянд.
Баъдан, чанде аз сардорони шуъбаҳои милитсия дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ, ки аксаран курсантони курсҳои поёнӣ буданд, баромадҳо намуда, оид ба нозукиҳои кор дар мақомоти корҳои дохилӣ, талаботи хизмат дар ин мақомоти бонуфуз, ҷиҳатҳои равонӣ, забондонию ҷаҳонбинии кормандони ҷавон ва таҷрибаомӯзии курсантон дар ШВКД-ҳо ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур, ҳамчунин доир ба масъалаҳои терроризму экстремизм ва фаъолияти равияву ҷараёнҳои тундрави хатарнок низ андешарониҳо сурат гирифта, курсантон бо фаъолнокиву суолу пурсишҳояшон вохӯриро хеле шавқовар карданд.

Ба саволҳои курсантон, ки ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дахл доштанд, сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Норак, Фирдавсию Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сангвор ва Роғуну Хуросон посухҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД, ки барои илму донишомӯзии насли имрӯза тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд, дар роҳи баланд бардоштани малакаи саводнокӣ ва забондониву ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ сардорони шуъбаҳои милитсия барои фароҳам овардани шароити суҳбати озод бо курсантон, ба роҳбарияти ВКД ва Академия изҳори миннатдорӣ намуданд.
Умед Очилов,
Шавкат Убайдуллоев 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика