Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сарбозону афсарони қисми низомии 6592

Имрӯз (14.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 6592-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо сарбозону афсарони ин ниҳод вохӯрӣ доир намуд.

Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз рафти хизматбарии сарбозону афсарон, шароити моддӣ-маишӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, толори варзишӣ шинос шуда, бо ҳайати шахсӣ аз наздик сӯҳбат кард.
Қайд гардид, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳдошти вазъи моддӣ-маишӣ ва баланд бардоштани руҳияи сарбозону афсарони қисми низомии мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро баҳри он меандешад, ки фарзандони далеру шуҷои Ватан дар шароити мусоид ба Модар - Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд.
Сарбозону афсарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз чунин шароитҳои муҳайёгардида ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намуданд.

Зикр гардид, ки бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва сулҳу осоиштагии диёри ҳамешабаҳор онҳо ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ба обу хоки ин Ватан саҷда оварда, ҳифзи марзу буми диёри хешро вазифаи муқаддаси худ медонанд ва ҳамеша омодаанд, ки ҳамчун сипари боэътимод кишвари сулҳофари худро ҳимоя намоянд.
Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба шаҳри Турсунзода анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика