Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ШВКД дар шаҳри Турсунзода

Имрӯз (14.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ШВКД дар шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварда, аз шароит ва рафти хизматбарии ҳайати шахсӣ шиносоӣ пайдо намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Турсунзода як қатор дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки фаъолияти хизматиро дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон зимни гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз пурзӯр намоянд.
Инчунин муборизаро бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб боз ҳам таҳким бахшида, бо шаҳрвандон хушмуомила ва дар ҳамкории зич қарор дошта бошанд.

Кормандони милитсияи Шӯъбаи мазкур иброз доштанд, ки онҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бо масъулияти баланд фаъолият хоҳанд кард.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика