Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат дар РВКД минтақа ва ноҳияи Рашт

Имрӯз (13.03.с.2017), дар Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт семинар-машварат оид ба тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят ва арзу шикоятҳо бо иштироки сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон, сардори РВКД дар минтақаи мазкур полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар-машварат ба кормандони самти иттилоотӣ-таҳлилии Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содир намуда» таҳти №676 аз 22.12.с.2009 фаҳмонида дода шуд.
Мутахассисони Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба иҷрои қарори зикргардида таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар хотима байни иштирокчиёни семинар-машварат муҳокимаронӣ сурат гирифта, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика