Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар сарчашмаи зиндагист!

Имрӯз (07.03.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар чорабинии идона Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, корманд-занони милитсия, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаи корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмононро бо ин ҷашни фархунда – «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуда, ба онҳо бахту саодат, сиҳатмандӣ, барору комёбиҳо ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.

Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки «Дар ин лаҳзаҳои бузургиву шаҳомат, лутфу назокат ва меҳрубониву самимияти зан-модар, ки моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ қайд намоям.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз занони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.
Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.
Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дўст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд».

Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корманд-занони милитсия барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба «Рӯзи Модар» бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва матоъи атлас қадрдонӣ гардида, бонувон-собиқадорони мақомоти мақомоти корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили қайд аст, ки дар ин чорабинии пуршукӯҳ занҳои фаъоли мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ саҳми арзанда доранд, иштирок намуданд.

Дар хотима, ҳунармандон ва ситораҳои шинохтаи санъати волои тоҷик, аз ҷумла Зафар Аюбӣ, Боғигул Саидова, Абдулхайри Мумин, Меҳринигори Рустам, Парвин Маҳмадёр, Амрохон Раҳимов, Фахриддини Малик, Ҷамшед Низомов ва дигарон ба чорабинии идона бо тараннуми суруду таронаҳои пурмазмун ва ҷаззоб дар васфи зан-модар, Ватан, ишқу муҳаббат, ҳусни дигаре зам намуданд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика