Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Озмуни «Авто-Бону-2017» ва таасуроти иштирокчиён

Дар арафаи таҷлили ҷашни «Рӯзи модарон» ва соли Ҷавонон эълон гардидани соли 2017, бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка», имрӯз (04.03.с.2017), дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт озмуни «Авто-Бону-2017» доир карда шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёни озмун ва дар симои онҳо тамоми занону модаронро бо рӯзи идашон табрику таҳният намуда, ба онҳо хушбахтию тансиҳатӣ, хонаободию комёбиҳои беназирро таманно намуд.


Қайд гардид, ки баргузории озмуни «Авто-Бону-2017» барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии занону духтарони ронанда, таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва таблиғи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ равона шуда, он аллакай миёни занону духтарон маҳбубияти хос пайдо намудааст.


Озмун аз даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони Қоидаҳои ҳаракати роҳ», «Саволу ҷавоб дар самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ» ва «Маҳорати кадбону» иборат буда, иштирокчиён барои нишон додани маҳорати худ ба се гуруҳ ҷудо карда шуданд.


Қобили зикр аст, ки озмуни имсола назар ба солҳои пеш бо шукӯҳу шаҳомати хеш ва шумораи бештари иштирокчиён нисбатан фарқ мекард. Дар озмуни имрӯза наздики 50 нафар занону духтарони хоҳишманд ҷамъ омада буданд, ки сол аз сол бештар гардидани таваҷҷӯҳи занони касбу корашон гуногунро нишон медод. Ҳамчунин, навгонии дигар ин даври нав, яъне «Маҳорати кадбону» буд, ки иштирокчиён бо пешниҳод намудани таомҳои гуногун маҳорати пӯхту пази хешро нишон доданд.


Барои санҷиши натиҷаи иҷрои шартҳои озмун аз тарафи иштирокчиён ҳайати ҳакамон созмон дода шуда, онҳо шурӯъ аз намуди ороиши автомобилҳо, ки бахшида ба Иди модарон ва фасли баҳор зебу зиннат дода буданд, то донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам назариявӣ ва амалӣ баҳогузорӣ намуданд.
Рафти чорабиниро ровиёни шинохтаи ҷумҳурӣ Субҳони Ҷалил ва Наргис Касымова ба самъи ҳозирин расонида, намояндагони зиёди Васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар инъикос менамуданд.
Ҳамчунин, барои болидагии рӯҳи ҳаводорону мухлисон ва меҳмонон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик ташкил карда шуд.


Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур дар баробари иштирокчиёни озмуни «Авто-Бону-2017», барои боз ҳам ҷолиб гардонидани рафти озмун аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», алалхусус ҷавондухтарони ин гурӯҳ фаъолона ширкат намуданд. Дар ин радиф, аз ҷониби гуруҳи «Пешоҳанг» бо дастгирии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди «Рӯзи модарон» – 8-уми март байни занону духтарон «Викторина» ташкил карда шуд, ки ба хоҳишмандон дар мавзӯи зан-модар, нақш ва саҳми онҳо дар ҷомеа 20 саволӣ дода шуданд. Аз натиҷаи ҷавобҳои бештари дурусти викторина ба 10 нафар ғолиби он туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Ҳамин тариқ, озмуни «Авто-Бону-2017» низ ҷамъбаст гардида, ғолибону иштирокчиёни фаъоли он муайян гардиданд.


Аз натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Заррина Магомедова, ки чор фарзанди хурдсолаш барои дастгирии ӯ ҳамроҳ омада буданд, ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ - сертификати бо маблағи 3000 сомонӣ гардид.
Ҷойи дуюм насиби Парвина Зайдуллоева бо сертификати 2500 сомонӣ гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар Тахмина Рабиева ба даст овард ва мутобиқан соҳиби сертификати маблағи 2000 сомонӣ шуд.
Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон ба Дилноза Шарипова ғолибият дода шуда, мукофоти пулиии 1500 сомониро ба даст овард.


Инчунин, барои ороиши автомашина ва кадбонуи беҳтарин 10 нафари иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳои алоҳида сарфароз гардонида шуданд.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои арзишноки сарпарастони чорабинии «Авто-Бону-2017» - ширкатҳои «Фароз», «IRS», “Faberlic”, «Тоҷиккристалл» ва «Тоҷиксуғурта» супорида шуданд.
Ҳамчунин ба тамоми иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома», гулдастаи ва гулҳои зебо тақдим гардиданд.


Тӯҳфаҳоро ба ғолибон сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон супорид. Зимни суханрониаш Маҳмадсаид Саидзода миннатдории хешро ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар озмун баён дошта, қайд намуд, ки тамоми саъю кӯшиши ташкилкунандагон ба он равона шуда буд, ки озмуни «Авто-Бону-2017» дар сатҳи хуб ва хотирмон доир гардида, писанди бонувон ва модарони азиз гардад. Чорабинии имрӯза бори дигар исбот намуд, ки таваҷҷӯҳи занону духтарони ронанда ба тарғибу ташвиқи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беандоза буда, онҳо метавонанд, дар якҷоягӣ бо дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, дар бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохӯши нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар саҳми худро гузоранд.
Озмуни «Авто-Бону-2017» дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиён ва ҳаводорону тамошобинони он таасуроти хуб бардоштанд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Чорабиниҳои варзишӣ-фарҳангӣ дар Осоишгоҳи ВКД дар ноҳияи Рашт

    Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ....

    15.08.2022 10:07
  • Ҳалокати модар ва ду фарзанди ноболиғаш бар асари садамаи нақлиётӣ

    14-уми августи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    15.08.2022 09:59
  • Даст ба дуздӣ задани ноболиғони 15 ва 16-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду ноболиғи ....

    15.08.2022 09:58
  • 13.08.2022 19:13
  • Миннатдории собиқадорон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ

    Мо як гуруҳ собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки айни ҳол ....

    13.08.2022 10:15
  • Oшкорсозии 2 далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

      Аз ҷониби кормандони Шуъбчаи БДА Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ ....

    13.08.2022 10:06
  • Чорабинии варзишӣ дар Осоишгоҳи ВКД дар ноҳияи Рашт

    11-уми августи соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ....

    13.08.2022 10:00
  • Машқи оташнишонӣ дар «Бозори Сафариён»-и шаҳри Душанбе

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз ....

    12.08.2022 10:44
  • Ба ҳалокат расидани дучархарон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

    11-уми августи соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    12.08.2022 10:43
  • Ду ҳолати ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    12.08.2022 10:42
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони то синни 35 ....

    06.08.2022 12:07
  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби ....

    21.07.2022 14:57
  • Диққат! Амалиёти "Бачаҳо"

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....

    24.05.2022 11:00
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    04.08

    © 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика