Имрӯз (01.03.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дода, зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ба ифтихори тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати ....
Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи дастаҷамъи оид ба ....
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 38-солаи сокини ....
Бо мақсади ба аҳоли фаҳмонидани қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....
27-уми июни соли 2022, тахминан соатҳои 08:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи ....
23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....
Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза марди 33-солаи сокини ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>