Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили ҳамкориҳо дар мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия

Имрӯз (27.02.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду мақомот рӯз аз рӯз сатҳу сифати тоза касб карда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Намунаи ин гуфтаҳо ҳамкориҳои самараноки тарафайн дар самти дастгир ва истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташшакил мебошад.
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович дар навбати худ барои пазироии гарм ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки ҳамаи саъю талоши мо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот равона гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Россия ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди шунавандагон дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта, дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.
Хатмкунандагони ин муассисаи олии ҳуқуқӣ ҳамаи донишу малакаи худро дар амал татбиқ намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм мегузоранд.

Дар интиҳои чорабинӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор сурат гирифта, тарафайн омодагии худро дар муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ изҳор намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика