Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Машғулияти хизматӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия»

Имрӯз (17.02.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии раёсат ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дарси хизматӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Дар машғулияти хизматӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: муовини сардори Сарраёсати Агентӣ полковники адлия Сафарзода Қудбиддин Шаҳобуддин ва муовини сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ полковники адлия Лашкарбекзода Шодибек Лашкарбек иштирок намуданд.


Дарси хизматиро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ муаррифӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳамчун субъекти мубориза бо коррупсия баромад мекунад, вобаста ба иҷрои талаботҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №40 аз 25 сентябри соли 2014 «Дар бораи барномаи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2014-2020» ба имзо расонида шудааст, ки мавриди амал қарор дорад.


Муовини сардори Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Сафарзода Қудбиддин Шаҳобуддин баромад намуда, зимни суханронии хеш оиди талошу кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, муқовимати дастаҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуд.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварро дар бар мегирад.
Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ маҳсуб шуда, дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пеш бурда мешавад.
Зикр гардид, ки чанде қабл аз ҷониби мутахассисони Агентӣ миёни аҳолӣ тадқиқот гузаронида шуд, ки мардум то чи андоза мафҳуми коррупсияро медонанд. Маълум гардид, ки аксарият танҳо 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (319, 320, 321, 324 ва 325)-ро ба коррупсия марбут донистанд, ҳол он ки 51 моддаи Кодекси зикргардида мафҳумҳои коррупсияро фаро мегирад.
Ҳамчунин, полковники адлия Қудбиддин Сафарзода доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишварҳои гуногуни дунё, мубориза ва пешгирӣ бо ин амали номатлуб изҳори андеша намуд.
Мавсуф қайд кард, ки коррупсия ба пешрафти ҷомеа, рушду нумӯи он латма мезанад, сатҳи беҳдошти мардумро паст месозад. Агар ҳар як фарди ҷомеа ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам хоҳад гашт.

Дарси хизматӣ дар сатҳи баланд доир гардида, маърӯзачиён ба саволҳои кормандони милитсия посухҳои мушаххас доданд.
Х.Солиҳов  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Таҷлили бо тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар РВКД Суғд

    Субҳи рӯзи 22 феврал ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои ....

    22.02.2020 11:44
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол

    Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ....

    22.02.2020 11:24
  • Дуздии лавозимоти рӯзгор аз дохили гармхона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи ....

    22.02.2020 11:20
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи ....

    22.02.2020 11:19
  • Садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ»

    Рӯзи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.02.2020 11:16
  • Вохӯрӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

    Рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии ....

    21.02.2020 15:56
  • Саҳмгузории кормандони ғайриштатӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ

    Ҳамкорӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия боиси пешрафти кори мақомоти корҳои ....

    21.02.2020 15:51
  • Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

    Санаи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 01:20-дақиқа, шахси номаълум ....

    21.02.2020 09:30
  • Бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 70-солаи сокини ....

    21.02.2020 09:27
  • Шароит фароҳам овардан барои муносибатҳои маҳрамона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 20 ....

    21.02.2020 09:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика