Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ватанро дар кафи дастам аз ин зеботаре созам…

(Анҷоми вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонон) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рафти вохӯрӣ бо ҷавонон изҳор дошт, ки ҷавонон – нерӯи созанда ва тавонои миллат буда, бо ифтихор аз Ватан ва ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу ободии диёр бояд ҳамеша дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ саҳми босазо гузоранд.
Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро баҳри аз худ намудани илму дониш муҳайё сохта, дар ин раванд шумораи зиёди ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин замина як қатор ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсили илм намуда истодаанд.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ қайд кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ намудааст.
Зикр гардид, ки масъалаи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар узви ҷомеа тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз кирдору амалҳои номатлуб ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон боз ҳам фаъол бошанд.


Зеро пешрафти ҷомеа имрӯз дар дасти Шумо ҷавонон буда, бо иродаи қавӣ, далерию нотарсӣ ва зиракию чолокӣ дар сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвар Шумо метавонед саҳми беандоза гузоред. Ҳар як ҷавон бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намояд.
Мисоли равшани ин суханҳо корманди бахши Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов шуда метавонад. Ӯ ҳангоми ифои вазифа дар нақби «Истиқлол» барои наҷот додани шаҳрвандон аз зери тарма, ки санаи 28-уми январи соли ҷорӣ ба вуқӯъ омад, ҷони худро дареғ надошта, ба дигарон ҳаёт бахшид.


Дар он лаҳзаҳои ҳассос Саюмарс Гулмадов бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ одамонро аз марг наҷот дода, худ зери тарма монда, ба ҳалокат расид. Чунин корнамоии корманди ҷавони милитсия аз ёдҳо ҳаргиз зудуда нагардида, дар қалби ҳамкорону дӯстон ҷовидон боқӣ мемонад.
Дар рафти вохӯрӣ шумораи зиёди ҷавонон суханронӣ карда, аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсили илм карда, дар ҳаёти рӯзмарраи кишвар фаъолона ширкат хоҳанд варзид.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби онҳо як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ба Вазири корҳои дохилӣ ироа гардид. Аз ҷумла, аъзои гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муминова Хайринисо пешниҳод намуд, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди сайёҳӣ гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва кормандони милитсия ба ноҳияи Қубодиён, ки яке аз ҷойҳои таърихӣ ба шумор меравад сафар намуда, аз маконҳои қадимӣ дидан намоянд.
Роҳбари гурӯҳи «Пешоҳанг» дар шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомиддин Абдулло чунин таклиф намуд, ки дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир карда шавад.


Курсанти соли аввали Академияи ВКД Маҳкамова Фарангис пешниҳод намуд, ки дар Академияи навбунёди ВКД студияи сабти овоз барои такмил додани санъати суханварӣ ташкил карда шавад.
Ҳамчунин курсанти дигари ҳамин Академия Дилангез Дилшодова пешниҳод намуд, ки дар бинои нави Академияи ВКД китобхонаи электронӣ таъсис дода шавад.
Ҳамин тариқ, курсанти соли 2-юми Академияи ВКД Бойматов Фирӯз оид ба омӯхтани забонҳои русӣ ва хориҷӣ, курсанти соли 4-уми Академияи мазкур Бегматов Фирӯз оид ба сохтани намунаи ШВКД барои гузаронидани машғулиятҳои оперативӣ-тактикӣ, курсанти курси сеюми факултаи №4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Омонҷон Очилов ҷихати бо таҷҳизотҳои варзишии муосир таъмин намудани толори варзишӣ як қатор таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар ин замина донишҷӯӣ Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Муҳаббатова Фароғат оид ба фаъолияти «Хабарнигорони фаврӣ» суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мо ҷавондухтарони фаъоли кишвар дар баробари родмардони диловар рост истода, ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳем кард.
Курсанти курси якуми Академияи ВКД Зардаков Довуд, ки табъи шеъру шоирӣ дорад, шеърҳои тозаэҷоди худро дар васфи «Пешвои миллат» ва «Ҷавонон» бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватандорӣ қироат намуд.
Таклифу пешниҳодҳои ҷавононро Вазири корҳои дохилӣ қобили қабул шуморида, ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дод.


Дар интиҳои вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бори дигар ҷавононро ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» табрику муборакбод намуда, онҳоро ба омӯхтани илму маърифат, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва гузоштани саҳми назаррас дар ободию созандагии кишвар ҳидоят намуд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ баргузор гардида, ба ҷавонон нерӯю илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланд раҳнамун сохт.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика