Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад…

Имрӯз (09.02.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷавонон оғоз гардид.
Дар чорабинӣ курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, афсарони Сарситоди ҳамоҳангсозии Воҳидоти таъиноти махсуси ВКД, гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва насли ҷавони милитсия аз дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзида истодаанд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.
Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Айни замон, вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Президенти кишвар наҷотбахши миллат ва ғамхори ятимон

    12- сентябри соли 2020 дар ш. Панҷакент ҳангоми сафари хизматии ....

    21.10.2020 14:20
  • Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!

    Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо фарорасии фасли сармо эҳтиёҷ ....

    21.10.2020 14:14
  • Хатлон: Ҷиноят ва ҷазо

    Чанде пеш аз ҷониби ҳамкорони мо оид куштори ваҳшиёнае, ки ....

    21.10.2020 14:10
  • Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    21.10.2020 09:46
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ....

    21.10.2020 09:44
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    20.10.2020 11:16
  • Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархурди ду ....

    Рӯзи 19-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:00-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    20.10.2020 11:14
  • Боздошти марди 45-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    19.10.2020 11:16
  • Ошкор гардидани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи ....

    19.10.2020 11:12
  • Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи бархурди «Опел Астра» ва ....

    Рӯзи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    19.10.2020 11:09
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика