Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти ВКД нисбат ба мақому манзалати зан-модар

Мақоми занон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Занон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд. Таҷлили Рӯзи Модар дар ҷумҳурӣ, эълони Соли оила, касбомӯзии занони хонанишин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии занони соҳибкор, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули барномаҳои давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар нисбат ба мақому манзалати зан-модар дарак медиҳад. Имрӯз ҷавондухтарони даврони соҳибистиқлолӣ бояд аз фурсати муносиб самаранок истифода бурда, баҳри ёфтани мақоми худ дар ҷомеа талош варзанд.


Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои занон ва боло бурдани тафаккури бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ озмунҳо ва чорабиниҳои гуногунмазмун роҳандозӣ мегарданд, ки як воситаи хуби пайдо намудани истеъдодҳо дар миёни занон мебошад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД, мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба масъалаи соҳибкасб намудани занону духтарон ва таъмини онҳо бо ҷои корӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд. Ташаббусҳои занон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи раёсату шӯъбаҳо ва бахшҳо фаъолияти босамар доранд. Дар оянда дар назар дошта шудааст, ки шумораи кормандон аз ҳисоби бонувон-хатмкунандагони Академияи ВКД ва Колеҷи милитсия зиёд карда мешаванд. Барои дастгирии занону духтарони мақомоти корҳои дохилӣ дар зинаҳои гуногун Вазири корҳои дохилӣ имтиёзҳо муқаррар намудааст ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол на дар ҳама раёсатҳо ва шӯъбаҳо нисбат ба зиёд намудани шумораи занон, ҷалби бештари занон ба гирифтани маълумоти олии Академияи ВКД аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.


Имрӯз бонувон дар шӯъбачаҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, шиносномадиҳӣ ва раводид, котиботҳо, марказҳои таҳлилӣ ва қисмҳои навбатдорӣ ва дигар бахшҳо қисми зиёди кормандонро ташкил медиҳанд. Роҳбарияти ВКД зарур медонад, ки дар оянда барои гирифтани маълумоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии ВКД ба занону духтарон бештар аҳамият дода шавад.
Бонувони замони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз аз пушидани либоси низомӣ ифтихор доранд. Соли гузашта бошад бонувони ВКД бо ифтихор аз гузашти низомӣ, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳуриамон гузашт, қадам зада, ҳамватанонамонро хело шод намуданд. Онҳо вазифаҳои хизматӣ ва супоришу дастурҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бар души онҳо вогузор шудааст, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, сари вақт ва босифат иҷро менамоянд.
Имрӯз зиёда аз 1500 нафар занон, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, бо ҳисси ифтихору самимият, ин вазифаи пурифтихору душворро сарбаландона ба ҷой меоранд. Миёни онҳо 87 нафар дар вазифаи баланди роҳбарикунанда адои хизмат намуда, аз ҷумла 10 нафар соҳиби рутбаи баланди ҳарбии «полковник» ва 71 нафар «подполковник» буда, барои хизматҳои арзандаашон бо нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок, ки аз ҳар нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва донишу истеъдодро талаб мекунад, бахусус барои занҳо аз тавоноию иродаи қавӣ доштани онҳо, шаҳодат медиҳад.
Боло бурдани мақому мартабаи зан, ки пайваста дар суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо медиҳад, нишони таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба занону модарон мебошад.

Кормандзанони ВКД иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҷамъиятӣ буда, дар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ васеъ ҷалб карда мешаванд. Онҳо зимни баргузории суҳбату вохуриҳо бо аҳолӣ аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб менамоянд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Соли 2016 дар ВКД, РВКД ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳти унвони «Аз занони босавод - хонадону ҷомеа обод» зиёда аз 50 маротиба суҳбатҳо доир карда шуданд.


Масъалаи ҷалби занон, хусусан ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар мадди назари роҳбарияти вазорату раёсатҳо қарор дорад.
Бонувони мақомоти корҳои дохилӣ ба хубӣ медонанд, ки гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротӣ кӯшиш доранд давлатҳои алоҳидаро ба коми оташи ҷанг тела диҳанду ғаразҳои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо ба занону духтарон ниятҳои нопоки душманони миллатро мефаҳмонанд. Зимни сӯҳбатҳо махсус қайд мекунанд, ки муҳимтарин рисолати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳифзи сулҳу суботи кишвар мебошад, зеро миллати тоҷик зарару хисороти ҷанги таҳмилиро бо чашми худ дидааст ва агар кишвари мо ҷанги таҳмилиро пушти сар намекард, роҳи расидан ба зиндагии шоиста боз ҳам кӯтоҳтар мешуд.
Занони мақомоти корҳои дохилӣ зимни иштирок дар вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва сӯҳбатҳо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро мефаҳмонанд. Онҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муҳтавои қонунҳоро ба иштирокчиён маънидод менамоянд, дар масъалаи пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, худкушию худсӯзӣ, шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Махсусан онҳо ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ дар оила корҳои зарурии ҳуқуқӣ гузаронида, бо ин амали худ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии шаҳрвандон, махсусан занону духтарон ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Дар рафти вохӯрию сӯҳбатҳо фаҳмонида мешавад, ки пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ва боз гардидани дарвозаи Тоҷикистон ба рӯи кишварҳои дуру наздик таваҷҷуҳи хориҷиён ба мамлакати мо сол аз сол зиёд шуда истодааст. Акнун замоне фаро расидааст, ки занону духтарон ба расму суннат ва эҳёи ҳунарҳои дастии ниёгон рӯ оваранд. Имрӯз ҳар як духтари тоҷик бояд ҳунари дӯхтану бофтану пухтан дошта бошад ва ин ҳунари худро ба фарзандонашон омӯзонанд.


Дар рафти баромадҳо бонувони ВКД моҳирона ва нишонрас нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокчиён мерасонанд, ки «Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд» ва барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бомуввафақият татбиқ шуда истодааст.
Соли сипаришуда бо мақсади баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд вохӯрии аъзои Шӯрои занони вазорат бо собиқадорони меҳнат, бонувони фаъолу пешқадам ва духтарони раёсатҳо ва шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд.
Чорабиниҳои гузаронидаи Шӯроҳои занони мақомоти корҳои дохилӣ мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирифтанд, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар ва ҷаласаҳои корӣ дар мавзӯъҳои «Мавқеи шахс, роҳбар ва омма дар таърих», «Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии занон ба вазифаҳои масъул ва роҳбарикунанда», «Баробарии гендерӣ, зӯроварӣ дар оила ва дастгирии қурбониёни зӯроварӣ», «Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осуда аст», «Мақоми зан дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои оилавӣ дар замони муосир», «Баъзе мушкилотҳои ақди никоҳ дар Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳо буданд.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ бисёр чорабиниҳо ба ифтихори занону модарон хело таъсирбахш ва хотирмон гузаронида шуданд, ки маҷлиси тантанавӣ ва барномаи идонаи консертӣ бахшида ба «Рўзи модар», озмунҳои «Авто-Бону-2015 ва 2016», конфронсҳои вилоятӣ таҳти унвони «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Махсусан семинар-машварати илмии ғайринақшавии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо иштироки намояндагони вазоратҳо, кумитаву идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ хело ҷолиб ва самаранок гузаронида шуданд.
Аз натиҷаи кори Шӯрои занон ва саҳми бонувони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ 16 гузориш омода карда шуда, дар намоишҳои криминалии «Сипар» ва «Набз», инчунин дар барномаҳои иттилоотии телевизиониҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «ТВ Пойтахт», Сомонаи расмии ВКД ва дигар расонаҳо инъикос карда шудааст.


Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар мақомот аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо тариқи ройгон 73 нафар нафақахӯрзанон ва кормандзанони мақомот барои табобат ва истироҳат бо фарзандонашон ба истироҳатгоҳҳои шаҳри Истаравшан, «Баҳористон»-и шаҳри Қайроқум ва Осоишгоҳи таълимӣ-фароғатии «Обшорон» равон карда шуданд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани талаботи фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №215 аз 31 марти соли 2006 «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оиди тартиби таъсис додани захираи кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати 927 нафар тартиб дода шуд, ки аз ин шумора 40 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Айни замон дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 73 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз сардори шӯъбача то сардори Раёсат, фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин радиф аз сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, сардори Котиботи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Дастагул Қурбоналӣ, Сардори кафедраи забони тоҷикии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Азиза Давлатшоева, сардори Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Гул Маҳбуба, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Холдорбекова Зебо, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД майори милитсия Раҳмонализода Рачабмо ва даҳҳо нафари дигар ёдовар шудан мумкин аст, ки дар баробари мардон ба Ватан содиқона ва софдилона хизмат намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок, ки аз ҳар нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва истеъдодро талаб мекунад, бахусус барои занҳо аз тавоноию иродаи қавӣ доштани онҳо, шаҳодат медиҳад.


Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ, интизоми намунавӣ ва ҳавасмандгардонӣ 85 нафар кормандзанони мақомот бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, аз сержанти хурд то подполковники милитсия, 19 нафар бо мукофотпулӣ, 208 нафар бо ифтихорнома, раҳматнома, нишони «Аълочии милитсия», медали «Шоён»-и дараҷаҳои 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин давра 68 нафар кормандзанони мақомот дар заминаи факултаи №3 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар соли хониши 2016-2017 бошад, 21 нафар кормандзанони дигар қабул карда шуданд.
Дар заминаи факултаи №4 Академияи ВКД 15 нафар духтарон таҳсил намуда, дар соли таҳсили 2016-2017 як нафар духтари дигар қабул карда шуд, ки онҳо баъди хатми таҳсил бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин карда мешаванд.


Дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия» 11 нафар духтарон ва 6 ятимдухтар таҳсил намуда, 7 духтар ва 5 ятимдухтари дигар дар соли хониши 2016-2017 қабул карда шуданд.
Барои таҳсил намудан дар хориҷи кишвар бошад, 4 нафар духтарони довталаб ба Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Федератсияи Россия равон карда шуданд.
Рафти иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Ғуломов Қ.Ҷ., Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика