Имрӯз (28.01.с.2017), дар доираи сафари хизматӣ ба шаҳри Кӯлоб Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД дар шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматрасонӣ шиносоӣ пайдо намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ бо беморону табобатгирандагони ин Дармонгоҳ аёдат намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардид.
Табобатгирандагони Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД дар шаҳри Кӯлоб ба Вазири корҳои дохилӣ барои таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки табибони ин муассисаи тиббӣ ҳамеша бо муомила ва муоширати хубу ташхиси амиқ беморонро табобат менамоянд. Таъминоти доруворӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, танқисӣ ба назар намерасад.
Чунин дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки табобатгирандагон сари вақт ба табобат фаро гирифта шуда, фаъолияти хизматии хешро идома диҳанд.
Айни замон, сафари Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Таҳти унвони «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар ....
Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар рӯзи 6-уми марти соли ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Рӯзи 5-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи ....
Ҳамасола вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон аз тарафи ....
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ....
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва ....
Рӯзи 5-уми март дар Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ....
Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
19-уми феврали соли 2021, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>