Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда…

Имрӯз (28.01.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ доир намуда, аз Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб дидан кард.

Зимни боздид аз Коллеҷи мазкур Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматӣ ва таълимӣ, ҳамчунин аз хобгоҳ, синфхонаҳо ва ҳолати дарсгузаронии омӯзгорон аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо устодону шунавандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода дар хусуси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» сухан ронда, қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошт, дастгирии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар тамоми тадбирҳоро андешида, баҳри он мекӯшад, ки ин насли ояндасози миллат бо андӯхтани илму дониш, ҳунар ва маърифат дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳмгузор бошанд.


Имрӯз бо пеш рафтани илму техника ҳама имкониятҳо барои ҷавонони бонангу номуси миллат муҳаё гардида, дар баробари ин онҳоро лозим аст, ки бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ, Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагӣ ва амният ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Бешак:


Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагони оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки курсантону шунавандагон пайваста ба андӯхтани илму маърифат машғул шуда, дониши худро сайқал диҳанд. Ҳамчунин пайваста ба варзиш ва обутоби бадан машғул шуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намоянд.
Зеро,
Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад.
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сӯҳбат бо курсантони Коллеҷи милитсия пешниҳод намуд, ки шунавандагони беҳтарине, ки бо баҳои аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил менамоянд, аз ҷониби роҳбарияти ВКД ҳавасманд гардонида мешаванд.
Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои дар шароити мусоид ба таълиму тарбия фаро гирифтани курсантони Коллеҷи мазкур аҳамияти хоса зоҳир намуда, тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин замина Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати сохтмони бино барои муаллимон, ошхона ва толори варзишӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Бояд зикр намуд, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2014 таъсис дода шуда, айни замон шумораи зиёди курсантон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Муддати таҳсил дар коллеҷ чорсола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробон монда ва ятимон таҳсил мекунанд.
Хатмкунандагон баъди хатми Коллеҷ метавонанд дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсилашонро идома диҳанд ва ё дар сафи мақомот ба кор қабул гарданд.
Коллеҷи мазкур довталабонро пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра (баъди синфи 9) ва таҳсилоти ҳамагонӣ (баъди синфи 11) аз ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ қабул менамояд.
Дар Коллеҷ хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, адабиёт ва ғайра маълумот гирифта, ҳамзамон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 2 ва 4 сол таълим мегиранд.
Ба он ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон ҷалб карда мешаванд.
Сафари Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика