Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии ҷавонони «Пешоҳанги Суғдзамин»

Дар доираи амалигардонии стратегияи давлатии «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» бо иқдоми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони фаъол, донишҷӯёну магистрантон ва аспирантону унвонҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар гурӯҳи «Пешоҳанг» («Авангард») таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии гурӯҳи мазкур ин дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузор намудани аксияву чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, сиёсӣ ва варзишӣ мебошад. Фаъолияти гурӯҳи мазкур аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба хубӣ бозтобӣ гардида, аъзоёни он дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кишвар бо ҷавонон вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд. 

Бо мақсади таъмин ва иҷроиши самтҳои асосии «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» Вазорати корҳои дохилии кишвар лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-ро рӯи даст гирифт, ки ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо якҷоягии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ин лоиҳа як қатор чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва варзиширо баргузор намуданд.
Гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанги Суғдзамин» низ дар амалигардони лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд, Раёсати кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилоят, муҳассилини коллеҷу техникумҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор мулоқоту вохӯриҳо, семинару тренингҳо ва чорабиниҳои варзишӣ доир намуданд.
Бо ба анҷом расидани лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи Раёсати ВКД дар вилоят иштирок намуданд. Дар чорабинӣ муовини аввали сардори РВКД дар вилоят полковиники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот суханронӣ намуда, саҳми гурӯҳи «Пешоҳанги Суғд»-ро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон назаррас арзёбӣ намуд.
Баъди натиҷагирӣ аз фаъолияти кории гурӯҳи «Пешоҳанги Суғдзамин» як қатор ҷавонони фаъоли гурӯҳ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаву Ифтихорномаи фахрӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва соати дастӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика