Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози Мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ

 

Имрӯз (19.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 оғоз гардид.
Дар Мушовара, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони Академия, Сармарказ, Сарраёсат, Сарситод, Раёсатҳо, Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар миқёси ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Дар ҷараёни Мушовара масъалаҳои натиҷагирӣ намудани фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли равон, вазифаҳо, дурнамои фаъолият ва тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии ВКД дар давоми соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҷаласаи Мушовараро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, қайд кард, ки дар баробари ба даст овардани натиҷаҳои корӣ ва пешрафту муваффақиятҳо, як қатор камбудиҳо дар фаъолияти ҷузъу томҳои мақомот ба назар мерасанд.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки вазифаҳои хизматиро бо дарки баланди масъулият, садоқат ба кору фаъолият, эҳтиром ба арзишҳои давлату миллат ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҷой орем.
Айни замон, Мушовараи ВКД идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика